Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ой, Сангинбой!–номи додаршўро гирифта мегўяд Гулсифат,
– тамокуро об бурд!
— Наход? Даруни об мондам-чӣ? Бурда бошад, дошта гиред, балотона гирам, доред!
— Кори шумо бе ман буд намешавад!
— Э, кампирҷон-э, шумо ҳастеду ман ҳастам… Илоҳи маро пеш аз шумо гирад, ки рўи хориро набинам.
Ҳамин лаҳза Гулсифат карру гунг шуд, ки пирамард ин қадар азобро, барҷомондагиро, оҷизию нотавониро хорӣ надонад, шукри ўро мекунад. Занро ба ҷои ҳама медонад: «келинчак» гуфта, даврони хушию ҷавониро ёд мекунад, «Сангинбой» гўён бародари дар ҷанг шаҳид шударо зинданом мегардонад, «кампирҷон» ном бурда, шукри завҷаю имрўзро мекунад.
— Сўзани ман пур шуд, кампирҷон! – хитоб мекунад ва Гулсифат сўзани дарози пур аз барги тамокуро гирифта, сўзани холиро ба дасти ў медиҳад, сонӣ аз чашми сўзан ресмон гузаронида, баргҳоро ба ресмон мекашад, ҳамелро бардошта бурда ба пояҳо мебандад ва баргашта худаш ҳам барг мегузаронад.
— Чанд ҳамел шуд, кампирҷон? – наздаш нишастани Гулсифатро пай бурда пурсид пирамард.
— Кироӣ не, бисту сета.
— Ў-ў-ў, кам-у... аз динангӣ чорта кам... Ҳолӣ барвақт-а?
— Не, намози дигар наздик...
Ин пеш буд; панҷ-шаш сол пеш: на танҳо пирамард барги тамоку мегузаронду мешуст ва ё ба ёрии кампирашу наберагонаш буғ мекарду той мебаст, балки ба мошин бор карда худаш бурда месупурд, чанд кило якуму чанд кило дуюм буданашро ҳам мефаҳмид, сонӣ заминашро ҳисоб мекард ва чӣ қадар гирифтан лозим буду чӣ қадар гирифт, чӣ қадар зиёд супурд ва пули ҳамаи ин чӣ қадар мешавад ва чун хазинадор пул меовард, бо ламси даст пулро шинохта, мешумурд, кампирро хонда, пулро ба дасташ медод ва аз ў хоҳиш мекард, ки набераҳоро ҷеғ зада биёрад ва ба онҳо пул диҳад, то дафтару китоб бихаранд.
— Моҳи август, Сангинбой. Баччаҳои Ормонҷон ҳам ҳамин ҷо … – гуфт Гулсифат одати боборо ёд оварда. Пирамард масъаларо дигаргуна арз кард:
— Моҳи август ба пои худ, ҳоло вақти кавсанг...
Ҳамаи инҳо пеш буданд. Акнун пирамард аз нўги нафақааш вақти бозгаштани кўдакони Ормон дафтарпулӣ медиҳад (ба қавли худи ў – мактабхарҷӣ).

...Ў мошинро боздошт. Ғамбодаи дар гулўяш бозмонда ўро ба
ташвиш овард: «аз рафтори кор имрўз ба манзил намерасам» аз дил гузаронд ва рўймолчаро бароварда ашки чашмон пок кард.

пешина
аз 279
навбатӣ