Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Кўдакон ин қиссаро ҳам ба хотир мегиранд ва боз хоҳиш мекунанд, ки
1 назди туғи Муқаддас мошинро боздорад... Аммо дар ин сафар Ормон мошинро дар ягон ҷо манъ намекунад. Мераваду меравад, ба назараш роҳ кам намешавад. Миёни кўҳҳои баланд, шахҳои азим ва ҷо-ҷо шўрабаста, сўхта ва бегиёҳро мегузарад ва медонад, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон Кўҳистон аст. Ва бесабаб тоҷикон ин қадар сахтҷон намешудаанд; дар кор пухта, мисли ин кўҳҳо пўсташон ранг меовардааст ва бехуда намегуфтанд, ки ҳар санги ин ҷо қисса дорад... Аз саргаҳ то пойгаҳ қисса дорад ва аксари ин қиссаҳоро падари пири ў медонад. Ҳолиё Ормон пушаймон, ки чаро қиссаҳои ў, афсонаҳои ў, саргузашти ў, дидаю шунидаи ўро навишта нагирифт; дар магнитофон сабт накард. Зеро ў чунин умед надошт, ки падараш бановақт ўро ба ташвиш меандозад ва муроди наберагонашро надида... Боз шишаи пеши мошин ба оинаи ҷаҳоннамо бадал шуда, деҳаро рў ба рў овард ва модараш
– модари ҷафокаши ўро, ки понздаҳ сол боз ин кўдаки пирро бонӣ мекунад, ба ў намуд: модар аз зери каши падар дошта, бардошта, ба по рост кард, кавшҳояшро пўшонд, асо дод ва «акнун гардед, Ормонҷон наомаданд» гуфт. Пирамард сўи тангкўча қадам андохта сухани ўро тасдиқ кард: «ҳа-а, наомад». Вале дилаш қарор нагирифта, кадам боздошта пурсид:
— Кампирҷон, аз ягон кас напурсидӣ, ки барои чӣ наомада бошад?
Кампир ўро тела дод, ки гардад.
— А-а? Одам? Ягон кас?
— Не! Хап гардед, ман аз кӣ мепурсам?
— Ҳамин-дия, чашм набошад, ки район рафта, телефон карда пурсам, – мегўяд пирамард ва боз қадам меандозад.
— Ана ҳамин дарвоза, кўча рафтанӣ бошед, аз деворҳо доштадошта равед... Дар кўча шумо чӣ кор мекарда бошед...
— Э, ту чия медонӣ! Мардро худо барои кўча офаридааст; занро барои хона… Мард дар хона шиштан гирад, занмиҷоз мешавад...
Ормон бисёр сўҳбати онҳоро шунидааст, аксар ба иллату иддао, вале ҳар ду ҳам сари забонӣ мегўянд, гўё аз рўи зарурат: пирамард аз ғаму ғусса мегўяд, Гулсифат ба ҷон расида, ба танг омада. Барои ҳамин Ормон ҳар вакт як саволро пеши худ такрор мекунад:
«Дар дунё боз ба мисли модари ман зане бошад?»
Ў донад, ки барои чӣ ин саволро ин қадар такрор мекунад...
Дар дунё занҳои машҳур бисёр: занҳои ҳокима, давлатдор, сарвар, фозила, оқила, давраоро, саҳнаоро, зебо, қаҳрамони арсаҳои
- Муқаддас Набиева ҳунар ва кор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё