Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

ҷонбахш на танҳо дар таркибаш зар дорад, балки ба шарофати он дар ин водӣ аз хок зар мерўяд...
...Мошин оҳиста мегардад, ҳарчанд ки ў зуд расидан хоҳад. Ба назари Ормон шишаи фарохи пеши мошин ба оинаи ҷаҳоннамо бадал шуд ва падарашро нишон дод, ки аз рўи одат, мунтазири ў лаби ҷўй нишаста, пойҳояшро ба об тар карда, аз тафсои тобистон худро эҳтиёт мекунад. Гоҳ-гоҳ ҷониби офтоб менигарад, ки сиёҳие, сояе аз пеши назараш гузарад, то пурсад: дар роҳ мошинае ҳаст ё не?.. Ба назари Ормон падараш мисли ҳамеша тоза, озода ва сафедҷома – куртаю эзору яктаҳ ва дастораш низ сафед. Ҳамин тарзи озодагии падар ба писар писанд аст... Якбора пирамард аз назари ў дур шуд ва Ормон мошинро тормуз дод, вагарна ба ҷарӣ мерафт. Ҳамин ҷо ҳам падар ба ў ёвар шуд, ки эмин монад. Агар аз назари ў дур намешуд, эҳтимол баъди чанд вақт мошину мурдаи ўро аз қаъри рўд меёфтанд. Ў аз қисмати падар аҳлу аёлашро хабар накарда, танҳо баромад, аз дер баргаштани ў касе парешон намешавад. «Падарро хабар гирифта меоям» гуфт ў гўё ба ҳавлии ҳамсоя мерафта бошад, «Ҳа, боз нотоб шуданд» ба завҷааш ҷавоб дод ў ва мошинро дар гиронда ба роҳ баромад. «Ана акнун рафту ягон бало шавад, мурдаатро аз кадом зов мекобанд?»... Баъд ба хаёлаш фарзандонаш расиданд, ки ҳар бори аз ин ҷо гузаштан ба ҷойҳо, ба кўҳҳо ном мегузоштанд: «Кўҳи Атлас», «Чилдухтарон», «Шахи Лайс» ва дар назди кўҳи «Чилдухтарон» аз падар хоҳиш мекарданд, ки мошинро боздорад, то онҳо шумуранд, ки ҳайкалчаҳои ягон ҷояшон ба ягон узви инсон монанд чанд тананд. «Зиёд! Аз чилто зиёд!» садо мебароварданд онҳо. Сонӣ аз падарашон хохиш мекарданд, ки афсонаи «Чилдухтарон»-ро гўяд... Онҳо ин афсонаро борҳо шунида буданд. Медонистанд, ки чиҳил духтар аз тохти душман огоҳ шуда, ба ин ҷо фирор кардаанд ва аз худо талабидаанд, ки то ба дасти душманони ғаддор афтидана сангашон гардонад...
Ва талаби онҳо мустаҷоб шудааст... Ин афсонаро борҳо бобояшон гуфтааст, вале онҳо боз зорию тавалло мекарданд, ки падарашон ҳикоят кунад, шояд ў дигархелтар гўяд. Аммо падарашон мегуфт, ки беҳтар аз бобояшон касе ин афсонаро гуфта наметавонад, зеро барои ин афсонаро гуфтан он рўзҳоро аз сар гузаронидан лозим аст... Ва чун онҳо ба деҳа расиданд, аз бобо хоҳиш мекарданд, ки як бори дигар «Чилдухтарон»-ро қисса кунад... Дар ин ҷо Ормон мот мешуд ва ба кўдакон худо медод: онҳо тамоми роҳ суруд мехонданд ва чун ба Талоқи Марзич расиданд, мепурсиданд, ки падарашон мошинро боздорад, то фаромада бинанд, ки чӣ зайл рўди пуртуғёни Зарафшон то ин ҷо шўрида меояду якбора зери замин мешавад. Сабаби инро Ормон хуб медонад ва ба онҳо ҳикоят мекунад, ки як вақтҳо зери ин кўҳ Марзич ном деҳае будааст ва кўҳ фурў афтода, ҳама зери кўҳ бенишон шудаанд, ҳатто Зарафшон ҳам. Зарафшон гўё ба хотири шаҳидон чашм пўшида, зери замин мерафтааст ва аз поён ашк шуда боз ҷорӣ мегаштааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё