Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мошин миёни тармаи буридаи Шодмондараро убур мекунад, ки мисли кўҳи бурида аст. Ва хидмате, ки ҳар сол барои ин роҳ, сарф мешавад, аз синаи кўҳи Анзоб нақб кандан мумкин буд.
Овозааш ҳаст, нақшааш ҳаст, аммо амалаш тўл мекашад. Ҳамин чизро пирамард ҳам шунидааст, ки ҳар бори бо ин роҳ сафар кардани Ормон мепурсад, ки кай нақб мекананд? Дар Шодмондара тарма ҳаст ё не? Кам аст ё бисёр? Ва ҳамин ки ба саволҳояш ҷавоб гирифт, хулосаҳо мебарорад. Дар чиллаи тобистон тарма монда бошад, пирамард хурсанд мешавад, дар лабонаш табассум медамад: «Ҳа-а нағз!» мегўяд ва баъди андешаҳо ба маънии афсўс сар меҷунбонад, ки ҳосил хуб мешаваду саришта карда наметавонанд, зеро борандагӣ тезтар сар мешавад. Гўё ҳамон тармаи монда сапедаи намигариҳои оянда. Пирамард мунтазир мешавад, ки кай сарони колхоз Ормонро диданӣ меоянду ба онҳо мегўяд, ки ҳосилро зудтар ғунучин кунанд. Вале Ормон ин дафъа ба ин чиз аҳамият надода гузашт. Ў пай бурд, ки барф баланд, аммо эътибор надод; медонист, ки пирамард дигар аз ў зиёду кам будани тармаи Шодмондараро намепурсад:
1 «Як сатил тарма наовардӣ, ки роҳати ҷон кунем» намегўяд...
Мунтазири сарони колхоз намешавад... Ормон ба гашти мошин эътибор медод, ки чаро ин қадар суст мегардад; монанди аспи рамузфаҳм мегардад...
...Ба назар Зарафшон аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад – моя ва сапедаи Зарафшон гўё ҳамин тарма аст; тармаи Шодмондара.
Аммо Ормон медонад, ки сарчашмаи Зарафшон чашмаҳои дарёи Фон, фаввораи зери пиряхи саргаҳи Масчоҳ ва соярўҳои кўҳҳои баланд аст... Оби Шодмондара низ аз болотар сар мешавад ва тармаро сўрох карда ба паст мерезад, бо чашмаи сою сойчаҳои дигар ёр шуда, сап-сафед кафк карда, широсо ҷорӣ мегардад ва чун ба ҳамвории назди чойхонаи «Шаббода» расид, ранги самовӣ мегирад ва монанди само софу беғубор мегардад: ҳо, Зарафшон аз софиҳо, аз покиҳо, аз некиҳо, аз хушиҳо ибтидо мегирад; сонӣ рўдҳои Яғноб, Фон, Искандаркўл, Масчоҳ, Кўҳак, Шингаку Муғ ва чандин шохобҳои дигар ба ҳам рехтаю омехта, ҷараён карда, Зарафшони азимро ба миён меоранд, ки то Панҷакати таърихӣ, то Самарқанди қандманд ва то Бухорои шариф меравад. Монанди Рўдакии бузург то ба Бухоро меравад, мисли Туғрал мешўраду мехурўшад ва Айнивор ба китъаҳо равон мебахшад. Ин рўди

  1. Барфи сахтро тарошида, бар он ширинӣ ё мураббо рехта, хўранд.
пешина
аз 279
навбатӣ