Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Не, андешаи ў дар ин хусус ҳам нест. Ҳатто вақти ин барфкўчаро гузаштан мижааш хам намехўрад, зеро аз ин хусус андеша надорад...
...Ҳанўз ҳам занги телефон дар гўши ў садо медиҳад, ҳоло ҳам аз шунидани хабари «нохуш» дасту пояш меларзад, ҳоло хам забонаш гирифта. Хуб, ки чашмаш мебинад ва ҳуш дорад. Падар ва лаҳзаҳои рўзгори ўро пеши назар меорад; махсусан лаҳзаҳои охири умри ўро: парешон, пароканда; он чизе ки дидааст. Шунидаҳояшро баъдтар вақте ки аз овони кўдакӣ, ҷавонӣ ва ҷавонмардию мардиаш ёд мекунад, ҳамаашро мегўяд; хеле баъдтар – шояд баъди ду ё се сол гўяд...
...Ин дафъа пирамард ўро дар лаби оби равон, сояи сада, парчи пул ва ё даҳанаи тангкўча пешвоз намегирад, «омадӣ?» гуфта намепурсад, сару рўяшро дастмол карда, сари луч ё тоқидори ўро хабар намегирад, саволҳои беохир намедиҳад. Афсона намегўяд...
Ҳамааш тамом... Ҳазор фарёд занад ҳам гўши гарони ў намешунавад. Чашми нобинои ў, ки ғамаш писарро пир кардааст, дигар сўи садои дар косахонаи сараш аксёфта дурудароз дўхта намешавад. Ҳол он ки орзуи деринаи пирамард на танҳо назар кардан, балки дидани дидори писар буд: як бор чашмаш барқ зада, равшан гардаду дидори гумгаштаи писарро бинад, сонӣ мурад – беормон; варна пурармонтарин инсони рўи замин ба хок меравад. Як бор бинад, боз кўр шавад; фақат бинад, ки писари ҷавонпираш то чӣ андоза сафедмўй шудааст. Ҳо, мўйсафед не, сафедмўй... Ў ин ҳолати писарро надидааст, балки аз «Келинчак» шунидааст: ҳамин ки ў бо Келинчак танҳо монд, аҳвол ва рангу рўй, харобиву фарбеҳӣ, лаби хандону чашми гирёни писарро мепурсад; зеро писари дилоб ва аз хурдӣ дар ғарибиҳо гарди донишкадаву донишгоҳ хўрда, нимсеру нимгурусна умр ба сар бурда, дар миёни саҳифаҳо мўйи сар резонда ва дар осиёби адаб мўй рангкарда овоз баланд намекунад, то малоли хотири падар нагардад: зеро сахт гуфтан лозим меояд мисли худи ў; худаш ки намешунавад, пиндорад ҳама каранд…
Мепурсад аз Келинчак ва ў мегўяд, мефаҳмонад ва ҳатто тасвир мекунад. Аммо дар хаёли падар ягон гуфтаи Келинчак намеистад.
Зеро ў писарро зайле тасаввур мекунад, ки дида буд – понздаҳ сол пеш дида буд: бардам, сурхрўй, фатиламўй. Агар касе гўяд, ки Ормон пир шудааст, ў бовар намекунад. «Чӣ хел?.. Ман ҳоло ҳам кўҳро занам, талқон мешаваду ў пир мешудааст?..»
Шояд ҳар бор сари ўро дастмол карданаш аз ин рў бошад; ба андешаи ў нўги ангуштонаш ранги сиёҳ доранд, мўи ўро ҷавон гардонанд… Диданӣ шуда, панҷа занад... Нўги ангуштонаш чизе доранд, ки зоҳиру ботини писарро чун рентген нишон диҳанд.
Вале Ормон донад, ки ранги мўяш аз ранги мўи сари падар кам фарк кунад; фарқ дар тораҳои мўйи лабу абрўяш, ки ҳоло сафедӣ наафтодааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё