Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Дасти Ромиз аз манаҳаш канда набуд; мемолиду месоид, ба фикр фурўтар рафта буд, на танҳо гузаштани одамонро намедид, балки пеши роҳашро бурида гузаштани мошинҳоро низ пай намебурд; гўё ҳамин тавр бояд бошад: аввал ў гузараду баъд мошинҳо. Вале садои заминро канда гўшхарошу ҷонбарор боло шудани тормози мошин ўро ҳам тарсонд ва ҳам ба худ овард.
Аз садои тормоз ҳам бештар аз кабина сар бароварда дашноми обдор додани ронанда ўро ба худ оварда буд; кас барои фикру хаёл кардан ҳам ин қадар «мукофот» мегирифтааст: аслан тамоми мукофот аз фикру андешаи зиёд аст. Ромиз дар миёнаи роҳ хеле истод. Дар як лаҳза мошинҳо пайи ҳам қатор шуданд, сигналу садо карданд, мошини ГАИ ҳам расида омад, вале Ромиз бо як эътироз ба ронанда менигарист, нигоҳаш ҳамин тавр буд; аслан бахшиш пурсиданӣ буд ва барои ўро зада нобуд накарданаш миннатдор ҳам мешуд. Аммо дашноми ронанда иҷозат намедод: «Саҳл монд, агар мекушт, беҳтар буд!» ва мехи ҷафо гашта чашм ба ронанда истода буд, ки мотосикли милитсия наздаш бозистод.
— Гражданин! – хитоб кард ў ва ишора кард, ки Ромиз наздаш биёяд.
Ромиз бозистод, вале назди ў нарафт, балки милитсионер наздаш омад.
— Ҳуҷҷат! – талаб кард ў.
— Ман ронанда нестам, – чавоб дод ў ва ба гўшаш расид, ки ронанда бори дигар дашномаш дода мошинро ронд. – Мошин ҳам хариданӣ не.
— Шумо ронанда нестед, – оҳиста гуфт милитсионер ва давоми сухан дар дил ба рўи ў нигарон монд ва сонӣ ғайри чашмдошти Ромиз ба гап даромад: – Шумо – актёр. Мисли шумо касон дар республикаи мо ангуштшумор...
Ромиз ҳайрон ва бодиққат нигарист ба ў, ки ин формадор кӣ бошад; аранге шиносад,.. лекин номашро надонад.
— Ману шумо ин чизро донем, лекин дигарон медониста бошанд?
— Ҳама, ҳама шуморо шиносанд, ҳарфи шуморо гўянд: як ҳофизи хуб дорем, гўянд, як шоири хуб дорем, гўянд, як актёри хуб дорем, гўянд.
— Шумо маро бо касе монанд кардед...
— Шуморо? Ромиз-актёрро? Шинед ба мотосикли ман.
— Ба ҳушёрхона баред?
— Ҳушёрхона бурдан вазифаи ман нест.
— Номи шумо Хол нест? – шинохтагӣ барин пурсид Ромиз.
— Худаш...
— Гуфтам, барои чӣ ба ман раҳм мекунед? Барои он ки шумо ҳам як вақтҳо артист будед, дар театр кор мекардед. А?
— Ҳа!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё