Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Шуморо ранҷониданд, рафтед.
— На, худам рафтам, дидам, ки аз ман артист намебарояд, рафтам. Аз ман ҳунармандтарҳо буданд; ҷойро банд кардан хуб нест, гуфта, рафтам.
— Кошкӣ ҳама чунин хештанро бифаҳмад ё худро ҷустуҷў карда, дар ягон соҳа, дар ягон ҷо дарёбад; ин хел не: ҳама гумон кунанд, ки аз ўҳдаи ҳар кор бароянд: монанди тағоии дар хоби надидаам, ки писар ба мактаб оварду зорию тавалло кард, то ёрӣ диҳам. Пурсидам, ки дар кадом соҳа қобилият дорад? Гуфт:
«Худатон медонед: дар кадом мактабе дохил карда тавонед, мехонад...»
— Барои чунин кор шуморо мукофот додан лозим.
— Мукофот... Ман мукофотамро гирифтам: аз саҳнаи ҳунар рафтам; зеро ман он саҳнаро обод карда натавонистам. Ин мукофот нест? Шаҳриён маро шиносанд, ҳатто шумо номамро донед, ин мукофот нест? Барои некӣ мубориза барем. Магар ин муборизаи некӣ бар бадӣ нест?
— Вале ба ин чиз эътибор надиҳанд. Мавзўе, ки адабиёти дунё дар мадди аввал гузоштааст.
— Вале ҳоло мавзўи некўкории моро дедектив кунанд. Бадкорӣ, зиною одамкушӣ, хиёнат...
— Толстойи бузург дедективро адабиёт нашуморад.
— Бале. Лекин бе милисия шаҳратонро саранҷом карда бинед...
Ман адабиёту санъатро дўст дорам...
— Дар ин бора шубҳае нест...
—...лекин дар бораи адабиёт хонам ва бинам, ки вақти обзори адабиёт аз хусуси асарҳои дедективӣ сухан гўянд.
— Рост... вақте расад, ки беҳуда будани онро фаҳманд...
Садои сахти тормози мошин омад, чунон сахт, ки чархҳо дуди замин баровард, сонӣ садои бархўрдани мошинҳо омад. «Сабил мон!» гуфт ў ва ба Ромиз чашмак зад, тарафи чорсў рафт. Ронандаҳои ҳар ду мошин баромаданд, гуфтушунид сар шуд – ҳар ду якдигарро гунаҳгор медонистанд, лекин қонуни ронандагӣ ҳаст; мошини дунболагир ҳама вақт бояд масофаро риоя бикунад. Ромиз ҳамин қадарро медонад – ёру дўстони мошиндор гўянд, ў шунавад.
Ў мошинҳоро тамошо надорад, балки Холро нигарон. Ў чи хел одаме буд, ки ба ҷои Ромизро гунаҳгор донистану танбеҳ кардан бо ў дар бораи адабиёту санъат гап зад, дар як дам буғзи дилашро кафонд. Лекин ў донад, ки дар ҳаёт фидоиён ками дар каманд.
Ромиз бори дигар ба милитсионер нигарист, ки хайрухуш кунад, аммо ўро саргарми кор дида роҳашро давом дод. Ў бо кўчае мерафт, ки аз рўз ҳам равшантар буд. Акнун пай бурд, ки табиат ҳама ҷоро об зада, гарди роҳро фурў нишонда, чангу гарди дарахтонро резонидааст; буттаю дарахтони навбарг, сутунҳои битонию оҳанӣ, лапару сарпўши чароғони сари сутунҳо, бому бомгўшаҳо, майдонҳо, ҳайкалҳо ва ҳатто симҳои троллейбусгард тару тоза шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё