Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

рўи дастархон гузошт ва қадаҳи пур аз конякро ба янга дароз карда гуфт:
— Шумо бошед, ин хона обод мегардад...
— Гул мекунад...
— Дар ин хонадон тўю тамошоҳо шавад!
— Ташаккур! Ба ҳамаатон ташаккур! Хуш омадетон!... – гуфта янга қадаҳи дасташро ба Соҳиб дод ва таги дегаш сўхтагӣ барин тез ба ошхона рафт.
Як нафас оромӣ шуд. Барои тафсонидани давра чизе намерасид.
— Ба қавли ана ин физик «фазо беохир», ба қавли мо актёрон «сўҳбат беохир», ба қавли шоир «сухан беохир», ҳар қадар бо шумо нишинем, кам аст. Сўҳбат хеле хуш омад, лекин ман коре дорам, – ранҷидагӣ барин гуфт актёр.
— Як дам шин, ҳозир ҳама мехезем, – хоҳиш кард шоир.
— Хуб, барои хоҳиши худат мешинам, лекин шеър бихон, то давра обод шавад...
— Сабр бикун Ромиз, як даҳон ош хўр, сонӣ меравӣ, – ҷавоби ба шоир гуфтаи ўро нашунида хоҳиш кард Соҳиб.
Ромиз дар дилаш «ман ошхўрӣ наомадаам» гуфт, аммо аз рўи одат сарашро хам дошта ба фикр рафт, то чизе бигўяд.
— Кор дорам, Соҳиб, ба як кас ваъда кардаам, – аз қавли ба шоир додааш гаштагӣ барин гуфт Ромиз.
— Ҳеҷ гап не, нағз бинад, нигоҳ бикунад.
— Не, медонӣ, ки ваъда диҳам, нарафта натавонам.
Дигарон гумон карданд, ки ў аз ҳазлҳои онҳо ранҷида ин қадар зуд рафтан хоҳад.
— Аз ҳамаатон узр мехоҳам, гумон мекунам, ки ин нишасти мо аввалу охир нест, сўҳбат боқӣ...
...Ромиз баромад. Аигуштони дар рўи дастархон боз доштаашро мушт карда мерафт. Маълум, ки давра ўро шод карда натавонист, ҳарчанд ки дар он ҷо одамони дуруст нишаста буданд... Лекин аз масхарабозиҳои Ҳамза андаке озурдадил шуданаш аён: манаҳ сояд... Ҳарчанд роҳ дур буд, ў хост пиёда равад. Сўҳбати имшабаро бори дигар аз лавҳи хотир гузаронида таҳлил кунад, кадоми он суханҳо нешханду киноя буданд, кадоме ўро дахл дошт; гўё набуд чунинаш; касе ба унвони Ромиз чизе нагуфтааст, касе аз ў норозигӣ накардааст. Гўё баҳс дигар буд: «барои театр асар намерасад».
Вай гирифтори андешаҳои худ роҳ мерафт ва намедонист, ки аз наздаш, паҳлўяш кӣ мегузарад: ростӣ, дар шаҳри калон ҳамаро шинохта нашавад, ба ҳама эътибор дода ҳам нашавад. Шаҳр, боз пойтахт деҳаи хурд нест, ки аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо дониву шиносиву салом диҳӣ. Ҳар кас ба роҳи худ, ҳар кас ба кори худ.
Ба қавле: сареву савдое.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё