Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Арақ, умуман, чизи бебаҳост, – лабони арақолудашро лесида изҳор кард шоир.
— Арақ як хубӣ дорад: касро шердил бикунад...
— Хар кунад, нокас кунад... – андеша накарда гуфт Ҳамза.
— Киро хар кунад, киро нокас кунад, кори мо не... донам, ки шердил кунад, ба ҳама ақл шавӣ, рост гўйӣ, низоъ андозӣ: кашокашӣ, мубориза ва душманӣ ба миён меояд... Низоъ...
— Ба назари ман, бода одамро гўсфанд гардонад...
— Як пиёлааш, – сухани нависандаро бурид Ҳамза.
— Як пиёлааш ҳам ҳамону сад пиёлааш ҳам: хар бошӣ, хар кунад, гўсфанд бошӣ, гўсфанд... аз ҳама аҷибаш, ба оромӣ даъват кунад...
— Оромӣ танҳо даруни гўр шавад, дўстам...
— Оҳ!.. Худатон ба сари мақсад омадед... – аз ҷой якбора ковок шуда ва инони сухани Ҳамзаро доштагӣ барин даст боло карда ба гап даромад актёр. – Ту Ҳамза-ҷўра, гап мезанӣ, ки дар Маскав хонда муомилаю муносибатро ёд нагирифтаӣ... Ман ба ин бовар дорам. Лекин ман мубориз ва оштинопазир будан ба ҳар гуна пастиҳоро ёд гирифтам. Дар зарфи панҷ сол дар хусуси низоъу мубориза... дар бораи тундутез будани драма кам гап нашунидаем, кам сўҳбатҳо нагузаронидаем. Муаллими меҳрубонамон як зайл дар бораи низоъу шиддату драматизми асар гап мезад, гарчӣ худ як одами ороми мулоимсухани хушгап буд. Як рўз, айнан мисли ҳамин муаллим донишҷўе суол кард: «Шояд оромӣ танҳо андаруни гўр бошад?» Профессор «ҳу» гуфта бо нешханд ҷавоб гардонд:
«Муборизаи зўртарин андаруни гўр шавад. Кирмҳои даруни гўр барои гўшти одамӣ чунон талошу мубориза кунанд, ки ҳеҷ ҷонвари рўйи замин накунад; пурзўрон камзўрҳоро фурў баранд...»
— Мебинам, ки шумо ин хонаи навро майдони мубориза карданӣ... – ҷиддӣ гуфт шоир.
— Лозим нест...
— Акаи Соҳиб, хонаатон обод бод! – барои баҳсро пахш кардан баланд гуфт шоир.
— Ташаккур, додарам!
— Шумо, мардҳо, ҳеҷ гоҳ аз ғазабатон намемонед, ба шумо доим хархаша бошаду мағал бошаду баҳсу талош... – аз дари хона табақи мантуро дароз карда гуфт зани Соҳиб.
— Барои янгаи меҳрубои! Дастатон дард накунад, янгаи азиз!
– як дона мантуро аз табақи дасти янга бардошта ва ба ҳаво муаллақ дошта гуфт шоир. – Ин хел мантуро на қашқариҳо пухта метавонанд ва на уйғурҳо... Барои саломатии янга!
Ҳама ба по шуданд ва қадаҳҳои пурро бардошта рост истоданд, ки Ромиз дароз шуда аз дасти янга табақи сафолии вазнинро, ки мантуяш барои як маъракаи бист-синафара басанда буд, гирифта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё