Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Аз ин рў соҳиба «мур» гўяд, Соҳиб бимурад, «бизӣ»
гўяд, Соҳиб бизияд...
Ва ҳоло фикри аҷибе ба миён омад, ки кас надонад, ин фармудаи завҷа ва ё бофтаи худи Соҳиб: «Касе набояд нўшбод гўяд».
Оддӣ, резанду бардоранд, резанду бардоранд. Мазмун, нахоҳад, ки рафиқон суханҳои болдор ва росту дурўғи зиёде бигўянд. Зеро рафиқоне ки ҷамъ омадаанд, борҳо ҳамдигарро таърифу тавсиф кардаанд ва дигар ба таърифу тавсиф ҳоҷат ҳам намонда, ҳазор ситоянд, аз дасташон коре наояд. Якдигарро на ба мартабаҳо бардоранд ва на аз зинаҳо фуроранд. Ҳарфи муқаррарӣ, одамони ба ҳам шинос. Як қадаҳ бардоштанд, ду қадаҳ бардоштанд, се...
«Нашуд, ҷўра, маҷбурем, ки туро ситоиш бикунем!» – ба танг омада гуфт тарҷумони нав аз хориҷа баргашта Ҳамза...
Як дасти серрагу пай болои хони неъмат омад ва чунон ҳаракат дошт, ки сарпўшсифат дастархонро мепўшида бошад. Панҷаҳои кушоди ў болои нозу неъматҳо муаллақ монд. Хомўшие ба миён омад, ки баъзан дар саҳнаҳои ҳаяҷоновари театр дидан мумкин буд. Ҳама гўшу ҳуш шуда буданд, ки ў чӣ гўяд. Гумон доштанд, ки аз кадом асар порае барояшон пеш орад. Вале ў хомўш буд.
«Ин чӣ хел инсон бошад?» дар дил савол кард нависандаи оромтабиат, ки қариб дар чунин маъракаҳо ҳарфе намегуфт ва ҳама вақт аз рафтор, кирдор, ҳаракат, шинухез, гуфтугў, муомила, қиёфа, ваҷоҳат ва буду набуди инсон чизе пайдо кардан мехост. Гўё чунин нияти нависанда ба ў аён шуд, ки дасти дароз оҳиста пас рафт ва он як нафар пирамарди моҳигири Хемингуэйро ба хотир овард, ки таноби тўри ба баҳр афкандаашро оҳиста мекашид. «Ба ман ҳамин хел одам лозим» боз аз дил гузаронд нависанда ва андаке ковок шуда вазн аз рўи пои дардмандаш бардошт. Ва кўрпачаи атласи лағжонро пас кашид...
Ва он ҷавонмард, ки дасти серрагу паяшро рўи зону гузошта ба фикр рафта буд, боз рўи дастархон ёзонд. Гўё ў сухан меҷуст ва гумонаш гуфтанӣ миёни нозу неъматҳо бошад. Ҳамза ба танг омад: «Тез бош, кафидам!»
— Сабр бикун, намекафӣ, – ҷавоб дод ў, аммо даст аз рўи дастархон накашид. Ростӣ, артистӣ дошт: – Акаи Соҳиб!.. Ташаккур ба касе, ба ташкилоте, ки ба шумо хона додааст. Як андеша кунед, ки бобою додоятон дар чӣ хел хонаҳо зиндагӣ кардаанд. Мо бояд ба ин ғамхориҳо хидмате карда тавонем, чунин некиро пос дошта тавонем. Як бори дигар ташаккур барои чунин ғамхориҳо...
Онҳо барои суханони ў қадаҳҳо ба даст ба по рост шуданд ва нўшиданд.
— Артист! – бозхостхояшро як ҷо карда гуфт Ҳамза.
Боз давра хомўш шуд. Ҳар кадом ба таври худ фикр мекард ва андешае дошт, вале ба гуфтанаш ҷуръат надошт ва ё боз сухани беҳтар меҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё