Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаросот бошад, кас худро дар ҳама ҷо ҷўяд: дар байни мардум, дар оилаю рўзгор, дар кору корхона, дар мусофират ва ҳатто дар замину осмон, то хештан ҷуста дигаронро дарёбад... Ромиз ба Зиндагӣ эътиқоди комил дорад ва онро одилтарин худо донад, ки ҳар касро ба хари худ, ба курсии худ, ба мошини худ – ба ҷои худ нишонад; дар зиндагӣ ҳам, дар мурдагӣ ҳам ба ҷои худ нишонад... Барои ҳамин хархашаҳо, манманиҳо, лофу газофҳо беҳудаанд... Кас бояд худро ҷўяд; баҳр вақте дамад, ки дар қолабаш нагунҷад, баҳр барои он дамад, ки чизҳои барояш бегонаро берун андозад ва боз барои он ки чизи даркориро аз соҳил бирабояд. Инсон ҳам ҳамин хел, вақте ки камол ёфт, худро дарёфт, мехоҳад аз худ бурун равад, ба дигарон расад... аз дигарон гирад.
Вале Ромиз надонист, ки чаро ба ин маърака рафт: худро ҷуста рафт ва ё барои фаҳмидани дигарон? Аз бекорӣ рафт ва ё барои ҳурмати Соҳиб? Шояд барои аз ҳамсўҳбатҳо дур будан, чанд вақт боз танҳо мондан, барои ба сўҳбати одам пазмон шудан... ва шояд барои тарзи гузаронидани бўрёкўбонро донистан рафт. Ба ҳар ҳол рафт. Ба хонаи Соҳиб рафт. Ба хонаи Соҳибе, ки чунин рўзро дербоз мунтазир буд ва ҳама вақт дар ҳама ҷо гуфта мегашт, ки хона гирад, ҳамаи ёру дўстон ва Ромиз барин касони некро ба бўрёкўбон хабар мекунад. Соҳиб хона гирифт.
Хона гирифтан барои баъзеҳо як чизи муқаррарӣ бошад, барои Соҳиб барин касон ид буд. Аз ин рў Соҳиб чунин муродро саҳлу осон гузарониданӣ нест. Ў ёру дўстонро ба хона хонд, аммо онҳое, ки чаҳордаҳ сол дар хонаҳояшон иҷора нишаста буд, дар бўрёкўбони ў ҳузур надоштаид: Соҳиб ба қавлаш вафо накард
– онҳоро нагуфт. Ҳамсараш нахостагист – ҳамсари қозиаш. Агар зан розӣ буд ва ё як даҳан онҳоро хабар бикун, – мегуфт, ҳоло хонаҳои бетонӣ меҳмононро нагунҷонда буд. Яке аз чунин хонаҳо
– хонаи Мулло-амаку Хола-мулло, ки ҳоло Ромиз он ҷо иҷора шинад. Вале Соҳиб ин соҳибхонаҳоро нашинохта, кўчида рафт ва ба ҷояш Ромизро овард. Одамони нағз гуфта овард; вале дигар ҳарфе нагуфт. Нағзиашонро ё намедонист ва ё қасдан нагуфт, ки худи Ромиз фаҳмад, бинад...
Рўи дастархони Соҳиб пурнозу неъмат; дар ин кор ҳам саҳми завҷаи даҳанкалон ва пурнози ў кам нест. Вай занест, ки хоҳад дар ҳама ҷабҳаву бобат аз дигар занон фарқ кунад, ҳатто дар масъалаи дастархон ҳам; хоҳад чунон хоне орояд, ки шири мурғу ҷони одам ҳам дошта бошад. Ва ҳар коре, ки дигарон кардаанд, ў такрор накунад. Масалан, агар дигарон се хел хўрок пухта бошанд, ў бояд чаҳор навъ пазад. Дигарон аз хонаи ориятӣ тақсимаю чумча биоваранд, ў бояд, ки аз хонаи худ барорад. Ҳама чиз муҳайё ва ҷо ба ҷо, кас ба хонаи ў нигоҳ карда «хона бошад, чунин занро бошад» мегўяд. Чаҳоришкел тобад ва қуфлу маданги хона дар дасти соҳиба.

пешина
аз 428
навбатӣ