Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аз гуруснагӣ ва хунукӣ баданаш меларзид...
Рўзи кўтоҳи чиллаи зимистон охир мешуд. Аз нишастан муроде нест. Бозор ба Чорчашм «ҳамин ҷо хоб рав, ман ҳозир меоям»
гуфта ду сойча он тараф гузашт ва бо дасту пояш барфро яктарафа карда ду даста ҷела кашид ва ба саввумаш мадор накард.
Бозгашта поруи бех-бехи шахро ғун овард ва чоруқи тарро кашида пойҳои сармохўрдаашро даруни пору карда, гарм шудан хост ва Чорчашмро ишора кард, ки рўйи поруи ғункардааш хоб равад, то ҳам гарм шавад ва ҳам ба вай гармӣ бахшад. Сонӣ ба сараш зад, ки чоруқаш ҳамин тавр то саҳар истад, аз хунукӣ ях баста отанг мегардад ва пўшида намешавад. Чоруқи паҳлўяш гузоштаро гирифта низ даруни пору ҷой кард: «Боз хоби маро баронда гирифта нагурезӣ, Чорчашм!» гумонашро ба забон оварда гуфт ў. Саг иринҷос зад. «Гушна мондӣ, медонам... Гуфтам, набиё, омадӣ. Айби худат. Дар он ҷо мебудӣ, ҳам гарм будӣ ва ҳам шуста мехўрдӣ. Ин ҷо чӣ мехўрӣ? Сармо... Хайр, мегузаштагист...»
Бозор даст ба кисабағал бурд ва як пора қуруте, ки барои рўзи мабод руст карда мегашт, гирифт ва зери дандон шикастанӣ шуда, ба даҳон бурд. Магар Чорчашм бўйи қурутро шунид, ки сар бардошта ба вай нигарист. Бозор қурут ба даст гирифта боз ба кисабағал бурд. «Хоб рав, Чорчашм!» Чорчашм боз сарашро монда хоб рафт. Шўрии қурут, ки ба даҳони ў мазза дода буд, даҳонашро пуроб кард ва иштиҳои ўро овард. Вай ин дафъа пораи қурутро шикастан нахост, то Чорчашм аз қасди вай огоҳ нагардад, балки ба даҳон андохту макидан хост, ки дуртар равад ва шояд қурут дар даҳон хобаш барад, ки мондаашро пагоҳ хўрад. Вале то хўрда тамом накард, хобаш набурд. Магар хоби саг бурд, ки мисли кўдаки дардманд «ааҳ!» мегуфт. Вай ҳалқа зада ва фўк ба танаш пахш карда буд, ки аз гармии нафасаш гарм шавад. Пойҳои писарак гарм шуданд, вале танаш хунук мехўрд. Ў даруни пору фурўтар мерафт...
Вай бедор шуда гумон кард, ки дербоз ин қадар бароҳат нахобида буд. Моҳтоб паси шахи Ҳисор гузашта, сояаш ба рўйи дара фаромада буд, вале кўҳҳои он тараф сафеди сафед метофтанд ва агар сиёҳие пайдо шавад, ба чашм менамуд. Даруни пору гарм хобида буд, вале шамоли дам-дами саҳар ба китфу бозу ва сару гўшаш таъсир расониданд. Чорчашм ҳам тангтар ҳалқа зада мехобид ва магар бедор шудани Бозорро пай бурд, ки хест ва хамёза кашида даҳан воз кард. «Чӣ хел, Чорчашм? Агар шикорамон барор гирад, ҳарду сер мешавем» гуфт ў ва магар хобаш нимкора монда буд, ки боз сар ба гиребони ҷома дароварда хоб рафт...
«Ғичу-ғичу-ғичу!» аз болои сараш парвозкунон селаи кабк гузашт ва ў сар аз гиребон бурун оварда нигарист, ки села куҷо меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё