Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Села ба сойчаҳо хам хўрд, вале Бозор, ки аз даруни пору нахеста буд, надид, ки онҳо куҷо нишастанд. Вай аз даруни поруи гарм хест. Чоруқашро аз зери пору гирифт, нам дошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол ях набастааст. Бозор ба фаросоти худ қоил шуд, ки чоруқро зери пору кардааст. Саросема чоруқ пўшид. Баданаш хунук хўрд. «Ту ҳамин ҷо ист» ба саг гуфт ў ва ба ҷонибе, ки кабкҳо парида рафта буданд, равон шуд. Кабкҳои дар шах буда ба хониш даромаданд; ўро дида ба хониш даромаданд. Мазмун, ба ҳамдигар мефаҳмонданд, ки сайёд омадааст. Шахи Ҳисор пур аз садои кабк шуд. Ў хеле рафта ба пас нигарист, ки Чорчашм низ меояд. Нишаста ба саг ишораи «наё!» кард. Саг бозистод. Дида ба ў дўхт, вале барнагашт.
Аз назди ҷелаҳои ў садои хониши кабк баромад. Бозор чорғов гашта худро паси харсанге гирифт. Ва оҳиста аз буни он нигарист, кабке наметобад. Аз он ҷое, ки ҷела кашида буд, ду-се кабк боло парида бознишастанд ва ў дид, ки кабкҳо рў-рўйи барф резу йўрға карда боло мерафтанд: «Маро дидаанд» худро коҳиш кард ў. Ва ҳамин вақт Чорчашм чунон сўйи кабкҳо тохт, ки шикор мекарда бошад. Бозор ҳарчанд паст-паст «баҳ!» гуфт, «баҳ-баҳ!» гуфт, вай барнагашт. Кабкҳо сагро дида парида-парида ба ҳар сў рафтанд.
Ҷони ў ба танг омад ва ба садои баланд дашном дод, ки ба дасташ афтад, мекушад. Ва сўйи ҷелаҳо гўш чур кардани Чорчашмро дида Бозор он сў тохт; лағжидаю афтидаю хеста тохт. Ва кафкаф барф гирифта, қурут карда, сўйи саг меандохт, ки наояд. Аз рафтори саг пай бурд, ки ба ҷела кабк афтидааст... Ҳамин ки ба ҷелаҳо наздик шуд, дид, ки чӣ зайл кабке боло ҷаҳида ва раҳоӣ наёфта боз ба замин мезанад. Ў сагро намонд, ки наздик шавад.
Аз ҷелаи боло низ ду кабк гирифт. Корд, ки надошт, ҳарсеро аз боли чапашон миёни панҷаи чап гирифта ҷелаҳои вайроншударо аз нав соз кард ва ба Чорчашм рў овард: «Рафтем, ҳоло мебинӣ, туро чӣ кор мекунам!»... Вале Бозор бо саг коре накард. Балки як санги теғадоре ёфта, ду кабкро ба бағал андохта, кабки дигарро сар пас гардонда гулўи онро арра мекардагӣ барин бо он санги теғдор бурид; базўрӣ сари онро бурид ва рўйи барф андохт, ки ҳоло ҳам пар-пар мезад ва ҷаҳида-ҷаҳида поёнтар мерафт.
Чорчашм гўш чур карда ба вай менигарист, пахш карданӣ ҳам буд, лекин аз Бозор метарсид. Кабкҳои дигарро низ ҳамин хел ба азоб сар бурид. Гушнагии Чорчашмро дониста хост якеро ба вай диҳад, вале бесарии имрўзаи онро фаромўш накарда буд, барои ҳамин каллаи кабкҳоро канда, пеши вай андохт ва гумон кард, ки Чорчашм нахойида фурў бурд.
Бозор кабкҳоро зери барф гўр кард ва ба шах баромад, ки хорчаву бодомчаи хушкидаро ҷамъ оварда, оташ афрўзад. Ҳамин тавр ҳам кард, лекин гўгирд, ки надошт, азоб кашид. Бозор на ба одами онрўза, балки ба одамони давраи ҷамъияти ибтидоӣ монанд буд: ў аз кисабағалаш санги шарар баровард, ба ҳам зад, аммо шараре напаррид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё