Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онро ба кафи дастонаш сойида гарм карда, сонӣ аз даридаи зери каши ҷомааш пахтапора канд ва назди санги шарар дошта сангҳо ба ҳам мезад, то шараре бархезад.
Акнун аз санг шарар мепарид, ба пахтапора мезад. Пахтапора шарар гирифт ва рўвағғак сўхт. Пас ў миёни кафонаш гирифт, то бод хомўш накунад. Ва зери дастаи хаси хушк, ки аз камари шах пайдо карда буд, гузошта, оташ гиронд ва шохчаҳои хушкро аз рўяш гузошт, то оташ афрўхта гардад.
Оташ аланга мезад. Чорчашм ҳайрон ба вай менигарист.
Бозор як кабкро аз зери барф бароварда, пар наканд, балки пўст канд ва дарунашро тоза карда, пойҳояшро бурида пеши саг андохт ва кабкро бо барф шуст ва бар навдаи бодомча гузаронида болои оташ дошт. Аз кабки тафсида зардоб таровида рўйи лахчаҳо мечакид ва бўйи хуши гўшт меомад, ки иштиҳокушо буд. Ў сихчўбро метофт ва ба оташ наздиктар медошт, ки зудтар пазад.
Писарак тоқат накард: як линги нав гармшудаи кабкро канда ба даҳон бурда як газ гирифт ва сахтиву хомиву бенамакиашро ҳис кард, вале дар даҳонаш чунон мазза дод, ки хушлаззаттар аз он дар олам хўроке набошад. Хўрду устухонашро ба саг дод...
Бегоҳ боз ба ҷелаи ў кабк афтод.
Бозор, ки оташро накушта буд ва акнун чӣ тарз шикам сер карданро медонист, имшабро «шоҳона» гузаронд, хобаш ҳам нағз бурд. Шиками Чорчашм ҳам сер буд, ки хунукиро камтар ҳис карда, дароз-дароз нафас кашида мехобид. Вай хеле бароҳат хобида буд. Аккоси саг бедораш кард. Ў ваҳм карда хест ва ба ҷонибе, ки саг дид карда гирогирӣ дошт, нигарист, ки ҳоо дар он дуродур, сар-сари кўҳи муқобил, рў-рўи барфи сафед сиёҳ тофта, чанд чизи сагсурат корвон кашида мераванд. «Дамата гир, Чорчашм!» чӣ будани онҳоро ва дар чиллаи зимистон гушн оварда гала шуда гаштани гургҳоро дониста таҳдид кард, ки Чорчашм дамгир шавад, вагарна дўғу пўписаи беҷойи вай сархўр мешавад.
«Хап хоб рав! Дамата гир!» аз даруни пору ковок шуда гуфт Бозор. Вале саг ба ў гўш намекард: «Ўй, шоҳиди ноҳақ! Ба сармон бало меорӣ!» Нашуд. Хест. Аз пашму пўсти гардани Чорчашм кашола карда овард, дар паҳлўяш хобонд ва худ даруни пору даромаданро фаромўш карда, ду чашм аз қатори гургон намеканд, ки куҷо мераванд. Гургон рафтанд-рафтанду ба Сирнова хам хўрданд. Ҳушу хоб аз сари Бозор парид. «Ҳамроҳ нашуда мур!» сагро мегуфт ў ва дурудароз ба адирҳо чашм медавонд, ки «лашкар» аз куҷо сар мезада бошад. Саг ҳар лаҳза фўк боло карда аз ҳаво бўй мекашид. Ва Бозор сари онро пахш мекард, ки ором хобад, ҳамин ки гургон омаданд, худаш ўро хабар мекунад.
Назари ў рў-рўйи барфҳои сафеди адиру ёлаҳо медавид, ба ҳар сиёҳие, ки чашмаш меафтид, диққат медод. Ў яқин карда буд, ки садои ноҷойи Чорчашм онҳоро ба балое мубтало мекунад.

пешина
аз 393
навбатӣ