Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Галаи гургон дар ин девлох мол ҳаст гуфта, дид карда меоянд... Бозор хест. Чоруқашро пўшид. Як асои каҷро, ки имрўз вақти хасгирӣ бехи шах дида буд ва он аз асо дида бештар дастаи табарро мемонд, гирифта, сари гулхан омад ва оташ афрўхт. Ў шунида буд, ки гург аз оташ метарсад ва наздик намеояд ва рафту ин кор ҳам нашуд, ба шах мебарояд, ки гургон ҳунари шахбароӣ надоранд.
Оташ аланга зад; хорчаю бодомча чарсу чурс карда месўхт ва гули оташ баробари дуд боло парида, андаке дар фазо бозӣ карда, сонӣ дуда гашта боз ба рўйи барфи сафед менишаст. Писарак, ки дар равшании оташ аз як доираи танг дуртарро намедид, он тараф гузашта ва чашмашро ба торикӣ одат кунонда боз ҳама ҷойҳои чашмрасро аз назар мегузаронд, ки гургон метобанд ё на. Надид. Ҳеҷ чизро надид ва аз нав даруни пору даромад. Зеро ситораи субҳ баромада буд ва писарак медонист, ки аз пайи он офтоб мебарояд ва рўз фаро меояд...
Дар ҷелаи ў боз кабк афтид. Ва ризқи Чорчашм, ягон-ягон то расидани Бозор кабкҳои аввал афтидаи зиёд бардорузан карда ҳаром мемурданд. Писарак пай бурд, ки Чорчашм ҷон мегирад ва ҳушёртар мешавад. Ва ҳамин ки ў ҷелаҳоро хабаргирӣ равад ва ё ҷойи онҳоро дигар карданӣ шавад, Чорчашмро таъкид мекунад, ки аз «ҳавлӣ» дур наравад, ки чизу чораашонро дузд барад. Шўхӣ карда мегўяд ў, вагарна медонад, ки дар ин манзили бепаноҳ ҷуз чанд кабки зери барф чизи дигаре надорад. Чорчашм медонад, ки зери барф кабк хаст, бонӣ мекунаду кордор намешавад. Вале зиндагӣ қонунҳои нонавишта ҳам дорад, ки ту кордор нашавӣ, ба ту кордор мешудаанд:
Он шаб моҳтоб аз ҳаршаба дертар баромад ва ҳоло паси шахи Ҳисор нашуда буд. Ҳарчанд ҷо-ҷо замин луч шуда, дар миёни барфистон сурату суроби ҳар гуна ҷонваронро пеши назар меовард, сиёҳие дар ин манзил пай занад, маълум буд. Моҳтоб мисоли қандили азим дар сақфи дара меистод. Бозорро ғанаб бурд. Чорчашм ҳам нафас ба нафас ҳалқа зада мехобид. Ва ў чӣ бўе шунид, ки сар боло кард ва ба атроф нигарист. Бозор таҳлукаи сагро пай бурда, бедор шуд ва сар бардошта ба атроф нигарист. Чизеро надида, пиндошт, ки рўбоҳе ё шағоле дар ин наздикиҳо пайдо шуда, саг бўй гирифтааст. Бинобар он вай «Ҳо!» гуфт. Ҳо гуфтанашро медонад, ки Чорчашм ҷониби ҷелаҳо парид. Ва фурсате нагузашта садои хойхояки сагона баромад. Бозор чоруқҳоро ликкак ба по кашида ва табардастаро гирифта он сў рафт... Ҳуш аз сараш парид. Галаи гургони он шаб дар сароқир корвонбаста имшаб дар ин ҷо ҷелаҳои ўро титу пора карда, бо Чорчашм чанг ба чанг буданд. Бозор як назар онҳоро дид ва наёрист, ки садо барорад. Зеро беҳуда буд.
Қафо гашт. Ба оташ гирондан ҳам ҷуръат накард, балки ба шах часпид. Ва болотар баромад. Базўр садои нолаи саг меомад. Аз баландӣ тўдаи гургон менамуданд, ки ҳамагона ба саг дарафтида буданд.

пешина
аз 393
навбатӣ