Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ва чӣ хел шуд, ки саг аз миёни онҳо халос хўрда, ҷониби «ҳавлӣ» омаданӣ буд, вале гургон пешгардонаш карданд ва саг рўйи дара нишеб шуд. Гургон боз вайро миёнагир карданд ва акнун чанги барф ба фазо мехест.
«— Ҳоҳоҳоҳўў!» садо баровард тоқат накарда писарак, вале худаш пай бурд, ки садои кўдаконаи ў ба тани гургон ҳаросе наовард, балки аз чунин садо бадани худаш ларзид, ҳаросаш зиёдтар шуд ва боз аз он тарсид, ки худро ба гургон фош кард. Ба назари ў намуд, Чорчашмро аз чаҳор дасту пой, сару гардан ва думу пўсташ дошта чортоқ мекунанд. Ҳамон зайл сагро то рўйи дара мўяшро ба замин нарасонда фароварданд ва дар ҳамворие қарор гирифта, монанди рамаи гўсфанд, ки аз як нова об мехўрда бошанд, гирду сарбасар омаданд. Бозор донист, ки гургон Чорчашмро кафонда хомталош мекунанд, дар ҷояш шах шуд. Садо бароварда наметавонист, балки ашк мерехт, бесадо ашк мерехт, мегирист; чунон мегирист, ки дар мурдаи наздиконаш ин зайл нагириста буд.
Баъди чанд муддат гургон як-як аз давра баромада, канортар мерафтанд ва бахши худро гузошта, сагона зери даст гирифта, каш-каш мекарданд. Гургони гурусна вақти зиёде нагузашта аз сари тўъма дур шуданд ва дар ҷойи гирд гирифтаашон як доғи сиёҳ боқӣ монд, ки аз ҳамин дурӣ ба чашми Бозор метофт.
Гургон ба бозӣ даромаданд. Бозӣ-бозӣ рў-рўи дара ҷониби боло мерафтанд; ба ҳамдигар дарафтида, афтондаю ғелонда, хестаю тохта... ба Сирнова дохил шуданд... Ҳамааш барқсурат гузашт.
Бозор шабро дар токи шах рўз кард.
Ў боз танҳо монд. Тарсу ваҳмаш зиёд шуда буд. Як дил мекард, ки ба деҳа равад, боз аз худ мепурсид, ки куҷо меравад?
Дили рафтан накард. Ва акнун як ният дошт, ки худро аз чашми мардуми роҳгузар пинҳон дорад, то хабари ҳайвонсурат дар бехи шаху токи шах зистани ўро касе ба деҳа набарад.
Мўяш расида ва нохунҳояш дароз шуда буданд ва аз зарби хорчаканӣ баъзе нохунҳои ангуштонаш шикаста, парида, нўги дастонаш озурда гашта буданд. Вай медонист, ки одамони ибтидоӣ, касони кўҳию ҷангалӣ ҳамин тавр зиндагӣ ба сар мебурданд.
Вале ў чӣ? Ҳа... Қисмати ўро ҷанг чунин гардиш дод: айби ҷанг.
Аввалаш айби ҷанг, сонӣ гуноҳи Ориф-фитна. Гўё Чорчашм ҳам дар ҷанг ҳалок шуд; барои ҳимояи Ватан – баройи ҳифзи «ҳавлӣ»-ашон, барои зинда мондани Бозор ҳалок шуд. Бозор зинда монд, вале худро зиндадаргўр ҳисоб мекунад: аз одаму олам дур
– бе кас, бе наво, бе ёру ёвар худро мурда медонад. Ва гар зинда бошад, бояд коре бикунад... Вай табардастаро мазбуттар дошт.
Ҷониби ҷелаҳояш рафт. Сайде ба дом наафтодааст. Ҷелаҳоро ғун овард. Кабкҳоро аз зери барфи тўдакардааш гирифт ва гарданаи шахи Ҳисорро баромада ба дараи фарохи ҷониби офтобнишин гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё