Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Кўҳи Қисматато, ки миёни кўҳҳо мисли манор метофт ва теғи офтоб пештар ба қуллаи он мерасид, доманаҳояш кабкрез буданд.
Боз пасттар бурсҳои азиме ҷангал шуда буданд, ки мардум «убол»
гуфта намебуриданд. Туғҳои зиёде ҳам дошт. Як хонақо ҳам буд, ки шифохоҳон ва фарзандталабон дар нўгчўбӣ ва шохҳои туғи паҳлўяш латтапораҳоро туғ мебастанд ва либосҳои кўдакона меовехтанд. Ваҳмангез буд. Бинобар он Бозор байни дарахтонро нагузашта, пасттар – аз назди Гуми Сада гузашта сойчаро рост шуда, ба кўҳи Қисматато рафт. Болотар аз мазор ҷела кашид...
Рў ба рўйи мазор работе буд. Бозор он ҷо қарор гирифт. Кабкҳои зиёдаро аз биниашон пар гузаронида ҷуфт-ҷуфт ба нўги чўбҳои работ меовехт... Ҳезум меовард, зиндагӣ мекард...
Ва ба сараш чизе омад, ки метарсид. Ўро диданд: ду савор рост ба ҷое омаданд, ки Бозор ҷела кашида буд. Онҳо харҳоро ба буттаҳои вағнич баста, ҷелаю сихчўбҳоро гирифта омодаи ҷелакашӣ болотар омада буданд, ки яке «Ин ҷо ҷела кашидагӣ» гуфта ба атроф нигарист ва Бозори дар паси шиббабурс пинҳонро надида, миёни худ машварат карданд ва уреб шуда болотар рафтанд. Ва зуд баргашта Бозорро диданд, ки ҷелаҳоро даста мекард, то онҳо наомада, аз ин ҷо биравад. Саворони омада баробари Бозорро дидан дар ҷояшон шах шуданд.
«— Бозор!?» – бо тааҷҷуб хитоб кард ҷавонтаре, ки Мустафо будани ўро Бозор медонист. – Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – пештар омада пурсид ў, вале Бозор ҳайрон буд ва чӣ гуфтанашро намедонист.
— Дар деҳа ҳама туро ба ҳисоби мурд бароварданд, – амаки Қурбон низ пеш омада гуфт.
— Чанд вақт боз ту ин ҷо? – худро ба вай наздик дониста пурсид Мустафо.
Бозор мулўҳ барин буд. Гўё ду чашм дошту ҷон на. Намеҷунбид, гап намезад. Фақат нигоҳ мекард.
— Туя чӣ бало зад!? – пурсид Қурбони кўзпушт ва садои ў ба гўши Бозор мисли овози Ориф-фитна расид. Ў гумон кард, ки ин мардаки бадафти ҳамеша ба замин нигоҳ мекардагиро Ориф-фитна фиристодааст ва барои ҳамин ҷавоб намедиҳад.
Мустафо пеш омад ва ба китфи Бозор оҳиста даст расонда пурсид: «Ба ту чӣ шуд?» Бозор ба вай нигарист ва бо ҳамон оҳанг ҷавоб дод: «Намедонам». Ҳушаш ба куҷо рафта барои вазъияташро ба Мустафо фаҳмондан баробари ҷавоб дастонашро ба ду тараф кушод ва аз бағалаш фартӣ кабк баромада рафт:
— Э, гаранг! Чӣ кор кардӣ? – дод зад амаки Қурбон.
Бозор ба Мустафо саволангез нигарист.
— Ба вай – ба мо кабк лозим, аз район фармуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё