Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ҷанг намебуд, на ту ятим мемондиву на ман. На ту чунин азоб мекашидиву на ман. Инро ту ҳам мефаҳмӣ... Агар аз падарам хати сиёҳ намеомад, умед мебастам, ки баъди анҷоми ҷанг соҳибдор мешавам, агар бародарам дар ҷанг беномунишон намешуд, мегуфтам, ки баъди ҷанг пару болдор мешавам. Ва агар модарам намемурд... Ақаллан модарам намемурд... Ай Худо!!!»
Чорчашм магар дилобии ўро пай бурд, ки гардан аз оғўши вай берун оварда, сўйи деҳа равона шуд: «Ту ҳам меравӣ? Ту ҳам маро танҳо гузошта меравӣ? Хайр, ихтиёрат...» Чорчашм баргашт. Аз лаби домони ў дошта кашид, ки баргашта деҳа равад. «Не, ҷўра, ман ба дигар тараф меравам» – домон аз даҳони Чорчашм раҳо карда гуфт Бозор ва сўйи боло равона шуда, по бар Санги Лағжон ниҳод. Қадами дуввум гузошт, саввум гузошт ва оқибат дастонашро ҳам бар санг ниҳода чорпо шуд, то пояш лағжад, дасташ дорад. Чорчашм гўшу чашм сўйи ў медўхт, ки рафту фалокате рух занад, худро баробари ў ба гум андохта, ўро аз гирдоби гум раҳо кунад. Бозор ба нисфи Санги Лағжон рафт.
Чорчашм боз ҳам ҳушёртар мешуд – қоматашро баландтар медошт ва гўшҳояш чуртар мешуданд... Бозор миёни санг бозистод. Дасту пойҳояш меларзид. Саг пештар рафт, ки ба вай мадад кунад, вале роҳе набуд, ки «паҳлўи ў истода мадад кунад. Ягона ёриву ёвараш ҳамин буд, ки «ак!» гуфт. Ак гуфт, то Бозор ҳушёр шавад, ин ҷо будани ўро пай барад. Писарак ба чӣ хаёле рафта будааст, ки як қад парида, пойи росташ андаке лағжид. Ва ҳамин ки саг «ак-ак!»
карда ўро ҳушёр кардан мехост, Бозор пойи лағжидаашро боло кашида, якбора қоматашро рост кард, худро ба он тарафи Санги Лағжон андохтанӣ шуда, тохт. Ду-се қадам тохта буд, ки пояш канда шуд, вале ў чӣ коре кард, ки ба гум наафтида, балки пояш ба танаи шах расида, худро силтав дода, он тарафи санг афтид ва ҳамон зайл наҷунбида хоб рафт. Чорчашм гумон кард, ки вай мурд. Рўбоҳраҳаро тохта гузашт ва зуд назди Бозор рафта ўро бўй кашид. Бозор чашмонашро кушод ва табассум кард: «Дидӣ, Чорчашм? Боз ту мегўйӣ, ки ман аз ўҳдаи ҳеҷ кор намебароям...»
Саг гўшҳояшро чуртар карда бадиққат ба вай менигарист, ки сиҳату саломат ҳаст, ягон ҷояш лат наёфтааст? «Ман нағз, ҷўра...
Биё зудтар ягон ҷо манзил гирем... Акнун ҳарду соҳиби зиндаю мурдаи якдигар мешавем. Рафтем».
Ҳама ҷо барфистон буд. Танҳо шахи Ҳисор сиёҳӣ мекард. Бозор ҷоий рафташро намедонист ва боз хавф дошт, ки чашмашро барф набарад, ки аз ҳамин рўзаш ҳам монад. Вай сайёдсурат мерафт.
Чорчашм ўро пай мегирифт. Рафтанду рафтанд, аз ҳалойикат рафтанд ва Бозор, ки дар паҳлўи офтобрўяи шахи Ҳисор девлохеро медонист, дид карда то ҳамон ҷо рафтанд. Чўпонхобрави бехи шах андаке хушк метофт. Бозор ҳамон ҷо нишаст. Чорчашм дар паҳлўяш буд. Вай ба атроф менигарист, кўҳистон сап-сафед барф буд, ҳатто арчаҳои сабз ҳам сафед метофтанд Арақи тани писарак хушк шуда, баданаш шамол мекашид, чоруқҳои намкашидааш низ хунукӣ мегузаронд.

пешина
аз 393
навбатӣ