Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чорчашм хест, вале аз сари роҳи ў дур нашуд. Балки танбатан мешудагӣ барин рўйи роҳ поҳои пасро қат карда нишаст ва чашм ба чашми Бозор дўхт. «Чӣ, гумон мекунӣ, ки аз Санги Лағжон сарозер меравам?» аз саг пурсид Бозор ва аз паҳлўи вай гузаштанӣ буд, ки Чорчашм аккос зад. Боз пеши роҳашро гирифт.
Вале Бозор ба вай гўш накард, азмаш қатъӣ буд. Чорчашм дид, ки писарак аз роҳаш намегардад, аз вай пештар ба Санги Лағжон баромад. Санги Лағжон, ки дар камари шах буд, барфу борони зиёде ба вай намерасид.. Ва ҳоло чандон барфи зиёде надошт, аммо зарраҳои барфи бодбурда онро тар карда, ях баста чунон менамуд, ки ба рўйи санг сир андуда бошанд. Саг то ними санг рафту ба пасаш нигарист. Дасти росташ лағжид. Худро эҳтиёт кард ва боз ба Бозор нигариста «ак!» гуфт, Бозор забони ҳайвонҳоро нафаҳмад ҳам, алҳол пай мебурд, ки Чорчашм чӣ мегўяд. Пойи Чорчашм лағжид, аммо ба тани Бозор ларза афтод: «Ту як чиза медонистагӣ барин, Чорчашм!.. Лекин дар миёнаи санг мондӣ, чӣ кор кунем. Пас гашта наметавонӣ. Ту, ки он тараф гузаштӣ, ман ҳам мегузарам.... Ман дар пас – дар деҳа умедворие надорам... Ва мурам-намурам, касе суроғам намекунад, Чорчашм... Хуб мешавад, ки гузарию ман ҳам гузарам... Гузар! Тез гузар!»
Чорчашм рўйи Санги Лағжон хобида синамол гузаштанӣ шуд ва бо чунин рафтораш ба писарак таъкид мекард, ки «бин, чӣ қадар мушкил аст». Вай якбора ҷаҳида ба он тараф гузашт ва зуд рў гардонда боз ба ин тараф омаданӣ буд, ки Бозор сўяш фиғон кард:
«Ист ҳамон ҷо, роҳа нагир, ман мегузарам! Наход саг гузаштагӣ роҳро одам гузашта натавонад? Чӣ сар меҷунбонӣ? Наметавонад?
Метавонад, лекин ту аз сари роҳ гурез!»
Саг ин дафъа ба вай гўш накард, балки пуршаст гузаштанӣ шуд ва якбора чаҳор дасту пояш канда шуда, парида ба гум афтид.
«Ооо!!!» фарёд зад Бозор ва чашмонашро пўшид; ҳатто нашунид, ки чӣ зайл шахҳо садои ўро такрор карданд. Ва низ нашунид, ки чӣ зайл Чорчашм шалаппос зада ба гум афтид. Сонӣ ў ба умеди ёрмандӣ ба гум нигарист, ки ҳолу аҳволи сагро бинад. Гуми зери жарфно наменамуд. Ва ба вай ёрмандӣ ҳам карда наметавонист.
Ба гўшаш садои аккоси саг расид. Ҳарчанд гўш андохт, ки боз меомада бошад, дигарбора нашунид. Баъд ба хулосаи худ имон овард, ки саг аз он гум баромада наметавонад, магар ки мурдаашро об аз шаршар нишеб карда барад. Вале аз поён – аз роҳе ки Бозор тай карда омада буд, баъди хеле вақт садои Чорчашм баромад ва сонӣ худаш намоён гашт, ки писаракро шод гардонд:
«Намурдан ҳам мумкин будааст-а, Чорчашм? Ман ҳам меафтидам, ту барин ҳамин хел давр гашта наздат меомадам» гуфта сагро сила карданӣ буд, ки Чорчашм худро сахт афшонд ва оби танаш пош хўрд. Бозор гардани ўро оғўш кард: «Акнун хунук мехўрӣ, чӣ хел туро гарм кунам, намедонам... Ҳамааш айби, ҷанг ҷўра...

пешина
аз 393
навбатӣ