Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Бозор беихтиёр дарвозаро калон кушод ва сагро оғўш карда оби чашм рехт: «Аз наздикони ман, аз хешу табори ман танҳо ту мондӣ, Чорчашм!» Саг боз як бор иринҷос зад, гўё мегирист. «Ҳамроҳи ман меравӣ?» пурсид Бозор.
«Ииия!» нола баровард Чорчашм ва писарак ин садои онро ризоият дониста, сар ва тахтапушти онро сила кард. «Чорчашм! Агар рухсат диҳӣ, ман ба оғил дароям, дар он ҷо ҷела пинҳон кардаам, мегирам ва ҳардуямон шикор меравем. Розӣ? Не?.. Моли худамро мегирам, дуздӣ не...» Саг дум ликконд ва каме канор истод, ки ба вай роҳ мекушода бошад. Бозор аз таги дарвозахона ба чап гашт ва ба оғил даромада, се даста ҷелаи ҷо-ҷо девча (куя) хўрдаро баровард ва ба Чорчашм намуда гуфт: «Агар хоҳӣ, биё ҳамроҳи ман»
ва аз дарвоза бурун шуд. Саг ба ў ҳайрон менигарист. «Намехоҳӣ?..
Майлат. Ман чизи ба ту медодагӣ надорам, ин ҷо ақаллан шуста мехўрӣ... Хайр, агар якдигарро набинем... Гиря накун, Чорчашм.
Агар ман кабкҳойи худмурда ёбам, барои ту мебиёрам... Хайр...
Лекин ҷойи рафти мана ба ягон кас нагў. Хуб?»
Чорчашм як бор чашм пўшид, гўё сухани ўро тасдиқ кард.
Бозор ҷелаҳоро гирифта пушти боғ гузашт. Ҳамин ки ба адир рост шуда ҷониби тангно мерафт, ҳавои замҳарирро ҳис кард. Вай дуздона мерафт, то касе аз ғайб задани ў огоҳ набошад. Худро ба тангно гирифт ва гумон кард, ки дигар чашми одамизод ба вай намеафтад. Ба ҷойи он ки ба дилаш ҳузн пайдо шавад, дар лабонаш табассум омад. «Ин табассуми хонаравшанкунӣ» аз дил гузаронд ў ва яқин кард, ки қабри нокандааш миёни ин кўҳҳои баланд мешавад. Табассум мекард, аммо дар бораи марг меандешид, ки гўё аз ин ҳавои замҳарир ва аз ин кўҳи бегиёҳ амонӣ нест.
Ҳамроҳи худ навое надорад, ки то ба ҷое расидан аз марг эмин гардонад. Тангно хомўш буд ва ваҳмангез. Роҳи дуруст надошт, балки рўбоҳраҳае дошт, ки дар хушкиҳо одамон роҳи кўҳро кўтоҳ кунем гуфта, пиёда мерафтанд ва гоҳ-гоҳ шикорчиён мегузаштанд.
Вале ҳоло хавфнок буд ва махсусан Санги Лағжон. Ва ҳамин ки Бозор ба ин ҷо расид, аз пас садои аккоси саг баромад ва ў рўйи барф фурў нишаст, ки ин чӣ ҳодисае бошад. Фурсате нагузашта Чорчашм ҳаллосзанон омад ва забон бароварда, мондаю шалпар гаштанашро ба Бозор нишон доданӣ шуда, пеши пойи ў афтид ва пойҳои ўро бўй кашид. Гўё зорӣ мекард, тавалло мекард, ки Бозор аз ин роҳаш баргардад.
Бозор хест, ки роҳашро давом диҳад, Чорчашм пеши роҳи ўро гирифт; дар худи дами роҳи Санги Лағжон уреб хоб рафт «хоҳӣ, аз болои ман қадам монда гузар» мегуфтагӣ барин. «Монӣ-намонӣ ман меравам, ҷўра!» гуфт Бозор ва ба ин ҳарфи ў Чорчашм рўйи барф ғел зад: «Тавалло, нагузар».
«Ин хел намешавад... Хоҳӣ, ҳамроҳам биё, нахоҳӣ, баргашта ба деҳа рав!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё