Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Чӣ хел ман душмани халқ будаам? Тарафи сағераро гирифтан душмани халқ мешавад?
— Дар замоне, ки халқи советӣ сина ба тири душман сипар мекунад, ту тарафи як баччаи коргурезро мегирӣ...
— Шаттоҳӣ накун... Сина сипар карда бошанд ҳам, ману ту накардаем... Падару бародари ин сағера кардаанд, – додарони ман кардаанд... Ту не... Ту дўсти халқ, ман душмани халқ. Лекин ин сағера шикоят кунад, линги ту барин дўсти халқ аз осмон меояд...
Айби худат, ки моли ина гирифта ба хешат додӣ, ки вай пахта наравад. Аз пахта омад, боз молашро мегардонӣ, ки хешат хунук нахўрад. Ту – дўсти халқу ман – душмани халқ...
— Амаки Ҳамроҳ, чоруқашро гирифтааст, боз медиҳад, миёни ҷанги бачча надароед! – насиҳатгар барин гуфт магазинчӣ, ки ба сол аз ў хурд буд ва шояд аз ин рў амаки Ҳамроҳ ба сухани вай эътиборе надода ба Ориф-фитна рў овард:
— Те чоруқаша! Ҳушёр бош, ки худо мезанад...
— Мебинем, ки худо киро мезанад, – чоруқро ба замин андохта гуфт Ориф-фитна.
...Бозор чоруқи Мустафоро кашида дод ва чоруқи худашро пўшида аз меҳмонхона баромад. Ба дилаш аз амаки Ҳамроҳу Мустафо миннатдор, ҷониби ҳавлиашон рафт, ҷониби ҳавлие, ки пас аз рафтани падару бародар ва фавти модар ба дигар кас насиб карда буд – ба Ҳақназар, ки мурдаи модарашро гўр карду соҳиби ҳавлӣ шуд. Бозор ба ин ҳавлӣ ҳуқуқ надошта бошад ҳам, дилкашолие дошт. Вай мисли дузд ба ҳавлии бобоиву додоӣ рафт ва дарвозаро нимроғ карда, нигарист, ки ҳамон саги чорчашми худашон ҳавлибон аст, вале гумон накард, ки саг ба ў бегона шудааст; баробари дарвозаро кушодан саг барфро титу пош дода ҷониби ў давид: «ҳай-ҳай, Чорчашм, ин ман, нашинохтӣ?» дарро нимпўш карда гуфт Бозор. Чорчашм то дарвоза пуршаст омад ва мадораш хушк шуд, ки паст-паст «ҳаф!» мегуфт, вале ошноӣ намедод. «Нашинохтӣ? Ман Бозор... Аз ман ҳам ту харобтар шудаӣ-ку.
Чорчашм? Касал шудӣ ё гушна ҳастӣ? А?» Саг дум меликконд, вале ошноиаш маълум набуд. Гўшҳояш. чур, чашмонаш фарох кушода буданд. «Ҷонвар, ягон чизи хўрданӣ надорам, ки ба ту диҳам».
Чорчашм зиёдтар дум ликконд ва даст ба роғи дарвоза бурд, ки дарпалларо калонтар кушода ба вай ошноӣ диҳад. «Росташа гўй, шинохтӣ ё нашинохтӣ?» боз пурсид Бозор. Саг каллаашро якрўя карда бо як чашмаш дурусттар ба писарак нигоҳ кард ва акнун шинохт, ки даст аз роғи дарвоза берун овард. Бозор онро дошта, сила кард: «Акнун шинохтӣ?» Ў дарро калонтар кушод, вале якбора калон не, ки саг бевафоӣ карда дарнаафтад. Чорчашм сар аз дарвоза берун оварда хубтар ба вай нигарист. Ва Бозор омода буд, ки яке саг ҳамлавар шавад, дарвозаро пўшида онро миёни дарҳо маҷақ мекунад. Саг ба ў нигариста як нолае баровард, ки ба садои ҷигарбандгумкарда монанд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё