Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Бозор ҳайрон шуд, ки барои чӣ амаки Ҳамроҳ ин хел гуфт. Ў хест. Амаки Ҳамроҳ ҷониби вай омада пурсид:
— Ту чӣ кор кардӣ, ки ў зад?
— Ҳеҷ кор! Бузғолабонӣ намеравӣ, гуфта.
— Рост мегўд...
Давоми суханашро нагуфта ҷони Бозор баромадагӣ барин боз гирист: «Ҳамаатон як, бечораи бекасу кўйро, ки ёфтед, сангборон мекунед».
— Туро кӣ сангборон кард? Кори колхоз, кардан даркор. Беваю бечора, пиру кампир кор кунанду йигитчаҳо дар кўчаҳо саргин пахш карда гарданд, ҳамин хел?
— Не, амаки Ҳамроҳ. Ёдатон бошад, тирамоҳ аз овул, ки фаромадем, бузғолаҳоро гирифта ба хешаш Раҳим доду маро ба пахта ҳай кард... Худатон азоби пахтачинии Қарақчиқумро медонед, агар одамони калон намебуданд, шамолаш маро саг барин ғелонда мебурд... Ана акнун, ки омадем, боз манбузғолабонӣ кунам будасту хешашон дар сандалии гарм хоб кунанд... Ҳама қавалӣ шудаанд...
— Мустафо, чоруқата ба ин те, – баъди андеша ба Мустафо рў овард ў.
Мустафо аввал худро фурў кашида, андеша кард, ки мисли Бозор тамоман тиҳипо мемонад, дили чоруқ додан накард ва баъде ки амаки Ҳамроҳ «оварда медиҳад» гуфт, Мустафо рўйи намад нишаста чоруқашро кашида ба Бозор дод ва «Тез биёр, ки кор дорам» гуфт.
Баробари аз дар баромадан гўшҳои Бозор сўхт, яқин кард, ки хунук гузаронидааст. Ба кафонаш барф гирифта ба гўшҳояш дошт. Амаки Ҳамроҳ рафтори ўро, дида «Дуруст мекунӣ, барфро барф мебурад, – гуфт ва илова кард: – Ориф-фитна куҷо рафта бошад?»
— Тарафи магазин уреб шуда буд.
Амаки Ҳамроҳ дид, ки Ориф-фитна вазн бар пештахтаи магазин партофта, чоруқи Бозорро зери каш монда бо магазинчӣ сўҳбат мекунад. Баробари дами дарро торик карда даромадани амаки Ҳамроҳ Ориф-фитна баргашта ба вай нигарист:
— Ориф!... – рў овард амаки Ҳамроҳ салому алейкро ҳам фаромўш карда. – Ин сағераро худо зад, бас набуд, ки боз ту мезанӣ?
—... – Ориф-фитна рост шуд, хомўш монд, дамаш ба дарун зад, ки сиёҳ гашт, дам кард, лабонаш париданд, аммо чизе гуфта натавонист.
— Падараш дар ҷанг нобуд шуд, бародараш ҳам беному нишон, очеш пеши назари худат мурд... Боз ту куҷои ина мезанӣ?
— Душмани халқ ту! – ист не, бист не, гуфт Ориф-фитна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё