Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва боз вақте ки мисли ях аз гармо об кушода чашм во кард, дар болои сараш Мустафо ном писараки аз худаш ду сол калон ва амаки Ҳамроҳро дид. Амаки Ҳамроҳ баробари чашм кушодани ў чакман аз тан кашида ўро печонд ва назди оташи қашқарча бурда нишонд.
— Чӣ шуд ба ту?
Вале забони ба ком яхбастаи ў ҳоло ҳам об накушодагӣ барин, ў нигоҳ мекарду чизе намегуфт, балки яхи обшудаи сараш низ аз чашмонаш шориданд.
— Касал шудӣ, Бозор? Ягон кас тарсонд?
Ба ҷавоби чунин савол Бозор баланд гирист. Амаки Ҳамроҳу Мустафо ўро ором карданӣ шуда, як пиёла чойи аз пўсти дарахти себ дам кардаро хўронданд. Баръакс баданашро ларза гирифт, манаҳаш низ ларзида дандонҳо ба ҳам зада садо бароварданд.
На оташ, на чой, на гуфтори амаки Ҳамроҳ ва на аз бозувони ў пахш карда «ором шав» гуфтани Мустафо ларзиши тану ҷони ўро боздошта натавонист. Ларзид; монанди гўсфанде, ки нимбисмил карда бошанд, ларзид. Ларзид-ларзиду қарор истод, сонӣ монанди каси тоса гирифта тан, даст ва ё пояш як-як паридан гирифт.
Онҳо натарсиданд, балки худро ноҳинҷор ҳис карданд. Зеро дар он солҳо мурдан амри воҷиб барин буд. На танҳо дар ҷанг, балки дар ақибгоҳ, ки азобаш, ташвишаш аз майдони ҷанг камӣ надошт, мурдан одат шуда буд. Амаки Ҳамроҳ аз он таассуф дошт, ки охирин нишонаи авлоди Абдурауф низ нобуд мешавад.
Сонӣ вай ороми ором шуд. Амаки Ҳамроҳ набзи ўро хабар гирифт. Ба сари синаи ў гўш монда диққат кард: дилаш паст-паст мезад...
— Бозор! – садо кард амаки Ҳамроҳ.
Бозор чашм кушод. Ба назари Мустафо, ки вай табассум кард.
— Ба ту чӣ шуд, Бозор? – боз пурсид амаки Ҳамроҳ.
— Ориф-фитна...
— Зад?
«Ҳа!» – ба ишораи сар тасдиқ кард ў ва сонӣ майли хестан мекардагӣ барин пояшро нишон дод.
— Чоруқатро кашида гирифт? – пурсид амаки Ҳамроҳ.
— Ҳа! – ин дафъа бо овоз ҷавоб дод ў.
Амаки Ҳамроҳ хест, миёни меҳмонхона қадам зад, риши мошубиринҷашро қабза кард, нафаси дароз кашид, ки пурзўртар аз оҳ буд. «Чаро ин хел мекунанд? Бандаҳое ҳастанд, ки худозадаро мезананд...» худ ба худ гуфт ў, вале давоми андешаашро дар дил нигоҳ дошта натавонист: – Худо занад туро, Ориф!!!
Мустафо баргашта ба ў нигарист ва Бозор гумон кард, ки Ориф ҳамин ҷо омаду барои ҳамин амаки Ҳамроҳ ин хел ба вай рў овард, ковок шуда сўйи дар ва соҳиби овоз нигоҳ кард. Ориффитна набуд.

пешина
аз 393
навбатӣ