Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт

ҚИССАҲОИ ХУРД
САНГИ ЛАҒЖОН
Ориф-фитна ўро ба замин афканда чоруқи пояшро кашида гирифт ва худашро ба рўйи барфи арасот ронд. Писараки бекас рў-рўйи барф бараҳнапо мегашт ва ягона орзуяш ин буд, ки пой гарм кунад; ҳеҷ набошад – пой зери каши хеш гирифта гарм кунад.
Дигар орзуе надошт, ҳатто гуруснагӣ ба назараш наменамуд. Бекасию ломакониро фаромўш карда буд. Мисли пойафзори чармӣ, ки аз бисёр гаштан ба зери барфу борон нам кашида об мегузаронад, пўсти пойи ў низ нам кашида ба танаш рутубат гузаронд. Хунукӣ кора кард... Пойҳояш сўхт; то мағзи устухон гузашт, сўзан зад.
Писарак ларзид. Пиндошт, ки кораш тамом шуд. Аз дасти чунин сармо умеди халосӣ нест. Рўйи барф нишаста, панҷаҳои пой миёни дастон гирифта гарм кардан хост ва ҳамин ки ҳарорати кафони аз пой гармтараш ба нўги панҷаҳо расид, сўзиши пойҳо зиёда гашт; чунон ки аз чашми писарак ашк рехт. Ҳаво чунон сард буд, ки ашк дар рухсораш ях мебаст. Ба назараш ҳарорати дастонаш ду панҷаи пояшро гарм карда буд, вале дар асл андешаи зиёд:
хеста куҷо равад ва сари бесоҳибашро дар куҷо пинҳон кунад ва чӣ хўраду чӣ пўшад? ларзиши бадани ўро боздошта буд. Агар пештар пойҳояш нам мекашиданд, акнун танаш нам мекашад.
Ва ў аз ин дарди бедармон, ки ҳам аз шикам, ҳам аз тан ва ҳам аз ҷон зада бошад, гурезе надошт, балки фақат тан додан рост меомад: чуноне ки модараш ва бисёр касони дигар ба чунин дард мубтало шуда аз олам гузаштанд. Писарак тан дода буд ба ин чиз
– ба ин ҳукми ногузир, вале кирдори Ориф-фитна аламашро тоза мекард... Вай ҷаста хест: ба назараш Ориф-фитнаи қадпастаки ғуммача ўро дар ҳамин рўйи барфи хунук ҳам шиштанӣ намонда, аз пайи ў омадааст, ки ронадаш; аз ин ҷо ронадаш, то пояш ин заминро зер накунад...
Писарак баргашта ба пас нигарист: касеро надид. Баъд дар баданаш аз куҷо мадоре омад, ки ҳукм давид. Давиду давид...
Барои он давид, ки ягон чизи аз зиндагӣ нагирифтааш, надидааш, нахўрдааш насиб карда бошад, ба даст ораду сонӣ мурад; ба таъхир намонда ба даст орад... Пойҳояш ўро ба дари меҳмонхонаи гузари Тангно бурданд. Вале ў дар ин ҷо андеша ва истиҳолаи зиёд накард, балки якбора дарро кушода худро даруни меҳмонхона гирифт. Ҳамин қадараш дар ёдаш ҳаст. Баробари аз дари меҳмонхона даромадан аз нафаси гарми он ҷо беёд шуда афтиданашро намедонад...

аз 393
навбатӣ