Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ман рафтам. Як замини калон чоку барчок буд. Маълум, ки ў мушхонаҳоро кофта гандум гирифтанӣ будааст, вале қувват накарда, дар як ҷои кофтаи мушхона парў афтида мурдааст. Дар даст тешаи кундак дошт. Ман бовар накарда ўро рўболо гардондам, ки шояд монда шуда бошад ва ё хобаш бурда. Не, ҷон ба офаридгор супурда буд...
Занак дандон ба дандон монда менишаст. Вай мушт гиреҳ карда мефишурд. Баъд нохуни нарангушташро ба устухони сарангушт тир карда, чунон фурў дод, ки то мағзи устухон рафта расид. Ў бо ҳамин ҳаяҷони худро фўру нишонда, нахост, ки пирамард ягон чиз фаҳмад. Ў нигарон шуд, то ҳамсўҳбат боз чӣ гўяд...
— Аз Холҷон ду духтарча монда буд, – суханашро давом дод пирамард. – Рости гап, унҳо хеле азоб кашиданд. Ун солҳо аз сари худат гузаштагист. Чанд-ба даромадӣ?
— Чилу як.
— Чилу як ки бошад, он солҳо даҳсола зиёдтар будаӣ. Медонӣ, ҳамаашро медонӣ....
— Ҳамаи чиро?
— Ҳамаи азобҳои он солҳоро... Гуфтам, ки аз Холҷон ду духтар монда буд. Лекин номҳояшон аз ҳушам рафтааст. Хайр, духтарчаҳо хеле азоб кашиданд. Рости гап, ман ҳам қудрати ёрӣ надоштам, фарзандони худам нон гуфта кулўхро ба даҳон мебурданд. Вале имрўз оқибаташро бин, ки чӣ шуд: Ҳама ҷо серию пурӣ, одамон ба нон нигоҳ намекунанд, вале қадри одамӣ гум шудааст. Ҳатто фарзанди ҳамхуни худат нигоҳ намекунад. Шояд пас аз сарам гўянд, ки падар доштем. Ў дилашро пора-пора карда моро калон карда буд... Хайр, нагўянд ҳам зинда бошанд... Кама диҳаду ғама не… Ман гуфтанӣ, ки ҳамон солҳо аз Самарқанд як муаллима омада буд. Ў дид, ки аҳволи сағирон ниҳоят бад ва каси нигоҳу
1 бин мекардагӣ надоранд, онҳоро ба дегдон бурд, ба сағирхона...
Монда шудӣ? Бас кунам?
«— Не», – барои он ки аз овозаш ҳаяҷони ўро пай набаранд, фақат сар ҷунбонд.
— Ана ҳамун ду духтар аз сағирхона ҳам гум шуданд, аз ҳамон хонавода як кас ҳам намонд...
Занак худдорӣ карда натавониста, мисле ки ба шишаи тафсидаи чароғи лампа қатраи об расида бошад, кафид: бо овози баланд гирист ва бархоста беруни дарвоза баромад. Мўйсафед ҳайрон монд. Занак хеле вақт аз дарвоза дарун наомад. Баъд пирамард асояшро тир карда ва ба он вазн андохта қоматашро рост
- Детдом: сағирхона: ятимхона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё