Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Агар намерафтӣ, хуб буд.
— Чӣ хел?
— Ҳамин хел, ҳамсоягӣ мекардам.
— Худо донад. Ман ба шумо ҳамдарду ҳамроз шуда наметавонам, ман – ҷўгӣ, шумо мусулмон.
— Чӣ фарқ дорад?
— Фарқаш аз замин то осмон.
— Не-е, хозир фарқ надорад. Ҳама як кас, як тан. Чанд сол аст, ки ҷўгиҳоро намебинем, онҳо акнун аз садақаҷўӣ ор мекунанд.
— Илоҳо ҳамин тавр бошад.
— Ҳамин тавр, ҳамин тавр, – гуфта пирамард ба рўи ў тазаррўъкорона нигоҳ кард. Занак аз нигоҳи ў маънӣ гирифта, дур шуд.
Чойҷўшро бароварда пури об карда овард ва дар ошдони лаби айвон оташ гиронда, хоҳиш кард, ки мардак рўи палос шинад.
Мўйсафед аз лаби марза бархоста рўи палос гузашт ва асои пирӣ бар қадди кўрпача дароз гузошта, нишаст ва гумон кард, ки дар ин чанд соли охир аввалин бор ба ҳузуру ҳаловат менишинад. Пас ў чашмони камнурашро дуру дароз ба занак дўхта, ба Худо шукр гузорид: «Худо ба ман умри падарамро дод, дар охири дам хор нашавад, гуфта ин фариштаро ҳам фиристодааст.
Худоро шукр». Гўӣ дили афгори ў об шуда ба рўи кўрпача рехт, соидҳо ба шикамаш ҷафс карда, сар ба сўи кўрпача наздик бурд.
Пешониаш қариб ба кўрпача мерасид. Ў вақте сар бардошт, ки занак дастархон оварда ва чой дам карда буд.
— Чӣ ном дорӣ? – пиёлаи чойро аз дасти занак гирифта пурсид ў.
— Холҷон, – қасдан ин номро гуфт занак.
— Номи худораҳматии соҳиби ин ҳавлӣ ҳам Холҷон буд. Як зан буд, ки хироҷи як мамлакат, – гуфт мард ва бо ҳамин иктифо кард.
— Куҷо шуд он зан?
— Мурд... Мурдаашро худам гўр кардам...
— Чӣ хел? Ў ба шумо кӣ мешуд?
— Ба ман? Ба ман ҳамсоя. Мурдаи ўро гўр кардан вазифаи ман буд. Ҳама ба ҷанг рафта буданд. Мани шастсола монда будаму боз ду-се ҳамсолони ман ва боз чанд нафар девонаю кўру карҳо. Зиндагӣ бар дўши занону кўдакон афтида буд... Рости гап, охирҳои ҷанг ва баъди ҷанг нисфи зиёди одамони ин деҳа нобуд шуд. Аз алафхўрӣ варам карда мурданд. Рости гап, Холҷон ҳам қатори ҳамонҳо мурд... Холҷон ба кўдаконам ягон чиз ёфта меорам, гуфта, баромада рафт ва се рўз аз ў дарак нашуд. Се духтарча дошт. Он қадар гиря карданд, ки санги хоро об мешуд. Ман аз паҳлўи ҳамин танўрхона гузашта омадам. Духтарчаи дусолаи ў дар рўи хона базўр нафас мекашид... Дар рўи дастонам ҷон дод.
Баъд модарашро ёбам гуфта, кофтаму кофтам, наёфтам. Гумон кардам, ки ў аз азоб тарсида сарашро гирифта рафтааст, вале баъди духтарчаро хок карда омадан, касе хабар овард, ки Холҷон дар дашт афтода мурдааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё