Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гирифт. Буни хонаро гузашта дид, ки занак дар турми дарвоза нишаста, сукут меварзад. Мўйсафед болои сари ў нигарон истод.
Ва дид, ки занак аз чизе озурда: дар ин ҷо худро хеле ноҷўр ҳис мекунад? Ў суханеро нўги забон меоварду боз мегардонд: «Агар ин ҷо маъқул набошад, ба ҳавлии мо гузар». Худдорӣ мекард, то занак наранҷад.
— Ба ту чӣ шуд? – ҳарчанд мехост «хоҳар» ё «духтар» гуфта муроҷиат кунад, забонаш нагашт. Вай аз ин зани бекас чизе умедвор буд. Гумон дошт, ки дар охири дамаш ҳамин зан нигаҳбони ў мешавад. – Ба ту чӣ шуд?
«Ҳеҷ» сар ҷунбонд занак.
— Набошад, барои чӣ гиря мекунӣ?
— Баччаҳоямро ёд кардам.
Аз ин сухани ў мўйсафед хурсанд нашуд. Балки пай бурд, ки орзуҳояш барбод мераванд… Гузаро шуда, аз дарвоза баромад ва занакро ба ҳоли худ гузошта рафт. Мисле рафт, ки бо занак ҷангӣ бошад. Ба кўча баромад. Ба хона не, балки заҳри одамро одам гирад, гуфта, кўча рафт. Чойхона ба назараш дур намуд, сари пули боло нишаста, худ аз худ ба фикру хаёл рафт. Бори дигар ковок шуда барҳои яктакашро пушт ҷамъ кард ва гўшту равғанам об шудааст, гуфта, дудаста зери дунбааш дошта, бар санги бехи дарахт фурў нишаст ва пушт бар танаи дарахт такя дод... Баъд дар бораи занак андеша ронд: «Чаро гап намезанад? Барои чӣ ба хонаи ў омадааст?.. Боз ба як хонаи бекас, медонистагӣ барин...
Не-е, ин ҷўгизанак ягон балоро медонад». Мулоҳиза карда, пушт аз танаи дарахт гирифта буд, ки садои тахтаҳои пул баромад. Баргашта нигарист, ки чанд нафар меоянд. Онҳо наздик омада салом гуфтанд, баъд ўро пурсиданд, ки чаро ин ҷо нишастааст.
— Ин ҷо нанишаста куҷо шинам? – маънии гўлпурсии онҳоро нафаҳмида гуфт мўйсафед.
— Магар келин рафтанд? – пурсид Рауфи дароз, ки як гапро шунавад, худи ҳамон рўз дар тамоми деҳа паҳн мекард.
— Ҳеҷ гап дар дили ту хоб нарафт-дия! – тарафи мўйсафедро гирифтанӣ ва дар айии ҳол кофтанӣ шуд Ҳақназари пушти масҷид.
— Дар даруни ин хел одам ҳеҷ чиз хоб намеравад, – сар ҷунбонда гуфт мўйсафед ва ҳамраҳони Рауфи дароз қоҳ-қоҳ зада, хотири пири деҳаро шод карданд.
— Нағз, амак, нағз! – гуфта Ҳақназар ба китфи ў даст гузошт ва хайр гуфта ба роҳаш рафт, ҳамраҳонаш ҳам.
Мўйсафед дуру дароз ба андеша рафт: «Аллакай ҳаминро ҳам гап кардаанд. Ҷои танг-дия, «ҳой» гўӣ, фарёд мешавад...» гуфта ҳазлу шўхии онҳоро хулоса кард ва онҳо аз назари ў пинҳон нашуда дар дилаш оташ афтод, баъд дилаш сиёҳӣ баровард. Ба сараш зад, ки ҷўгизанак маҳз барои калид омадааст, парешон шуд. Вай ба чор тараф нигарист, ки ягон бачча бошад, фиристад, рафта хабар гирад, ки занак чӣ кор карда истодааст.

пешина
аз 429
навбатӣ