ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар ин гурўҳ 10 нафар занони ин деҳот аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ зани оқилу чақон Раҷабова Саодатхон мебошад. Ин ГТД оиди истифодаи кишти омехтаи картошка ва каду таҷрибаи хуберо ба даст овардаанд.
Ин ГТД ба парвариши ду зироат, яъне картошка ва каду, ки онҳо дар як вақт кишт карда мешаванд кор мебаранд. Ин ду зироат яъне картошка ва каду дар вақти нашъу намо ҳамдигарро халал нарасонида, баръакс як хел нашъу намо менамоянд. Дар вақти интихоби навъҳо бояд навъҳои пешпазаки кадугиҳо интихоб гарданд. Аз сабаби оне, ки дар решаҳои кадугиҳо азотоактеринҳо зиндагӣ менамоянд, онҳо барои соли оянда дар хок як қисми нуриҳои нитрогениро низ захира менамоянд, ки ин ба ҳосилхезии хок таъсири мусбат менамояд. Дар натиҷаи кишти ин ду зироат самаранокии истифодаи аз як гектар хело зиёд мегардад. Деҳқонон дар сурати истифода бурдани ин усули кишти омехтаи картошка ва каду метавонанд, аз як гектар то 27-33 тонна картошка ва то 1-2 тонна дони каду ба даст оранд. Бояд қайд намуд, ки кишти омехтаи картошка ва каду дар таъмини ғизои одамон ҳам хело аҳамияти калон дошта, барои таъмини озўқаворӣ ва ҳифзи саломатӣ аҳамияти калон дошта, барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ ба оилаҳои мардуми деҳот кўмаки калон карда метавонад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди ин ду зироат - картошка ва каду ба замин андохтани 50-100 кг порўи пўсида ва 4-5 кг нуриҳои минералӣ дар майдони 0.01 га аҳамияти калон дорад. Дар давоми нашъу намои ин навъҳо метавон бо додани 7-8 маротиба обмонӣ ҳосили дилхоҳи ду зироатро ба даст овард. Инчунин ин навъҳои картошка ва каду ба ҳар гуна касалиҳои занбурўғӣ ва бактериявӣ устувории картошка ва кадуро хело тобовар намуда, ин таҷрибаи нодир дар оянда дар корҳои кишоварзӣ дар дигар минтақаҳо метавонад истифода гардад ва истифодабарии самараноки заминро таъмин намояд.
6.7. Ноҳияи Сангвор (Тавилдара).
Деҳаи «Деҳи калон». Истеҳсоли ширинии тут.
Дар деҳаи «Деҳи калон»-и ноҳияи Сангвор Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Истеҳсоли ширинии тут» кор ва фаъолият менамоянд. Дар ин гурўҳ ду мард ва 8 зан дар маҷмўъ 10 нафар аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ зани оқилу чақон Усмонова Раҷабмоҳ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё