Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин ГТД оиди истифодаи меваи ширини тут дар кўҳистон ва тайёр намудани ширинӣ, ки барои табобатӣ касалиҳои узвҳои дохилӣ хело аҳамияташ калон аст таҷрибаи хуберо ба даст овардаанд. Ин ГТД бо роҳи тайёр намудани ширинии тут ҳар сол инчунин аз фурўши маҳсулоташон даромади хуб ба даст меоранд.

Деҳаи «Деҳи калон». Гиёҳҳои шифобахш ва истеъмолӣ

Дар деҳаи «Деҳи калон»-и ноҳияи Сангвор Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Гиёҳҳои шифобахш ва истеъмолӣ» кор ва фаъолият менамоянд. Дар ин гурўҳ 10 нафар занҳо аъзо мебошанд. Ин ГТД оиди истифодаи ҳар гуна алафҳои табобатӣ ва инчунин алафҳои истеъмолӣ дар шароити ин диёри аз чунин гиёҳҳои фоидаовар ғании кўҳистон фаъолиятҳои хешро давом дода истодаанд. Онҳо аз бештар аз 20 навъу намудҳои алафҳои дар шароити деҳаашон мерўидагӣ ҳар гуна доруворӣҳои дар асоси тавсияномаҳои табибон ва инчунин тайёр намудани ҳар гуна хўрокиҳо аз алафҳо ва растаниҳои кўҳистон машғул мебошанд.

Шаҳраки Тавилдара.

Парвариши картошка бо истифода аз хокистар.

Дар шаҳраки «Тавилдара» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши картошка бо истифода аз хокистар» кор ва фаъолият менамоянд. Дар ин гурўҳ 6 нафар занони ин деҳот аъзо мебошанд. Ин ГТД ба парвариши картошка бо истифодабарии хокистари чубу тапакҳо кор мебаранд. Онҳо картошкаро аввали баҳор дар болои хокистари чубу тапаки хона шинонда,ҳар сол ҳосили фаровони картошкаро ба даст меоранд. Аз сабаби оне, ки хокистар дар таркибаш ҳар гуна микроэлементҳо ва макроэлементҳоро дорад, барои ғизогирӣ ва дар хок намро нигоҳ доштан кўмаки калон мерасонад. Дар натиҷа ҳосилнокии картошка афзоиш ёфта, деҳқонон аз ин усули кишт ва парвариши картошка даромади хуб ба даст меоранд.

пешина
аз 56
навбатӣ