ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар деҳаи «Қушағба»-и ноҳияи Лахш Гурўҳи технологии деҳа дар мавзўи «Нигоҳдории маҳсулоти ширӣ» корҳои лоиҳавиро иҷро менамоянд.
Дар ГТД 7 нафар занони ин деҳа дохил мебошанд, ки роҳбари онҳо зани оқилу донишманд Каримова Тутӣ Мираковна мебошад. Ин занҳо дар ин деҳаи дурдасти кишварамон ба усули анъанавии тайёр намудан ва нигоҳдории маводи ширӣ сару кор доранд. Онҳо шири чорворо аввал ҷўшонида баъд онро бо истифодабарии усулҳои қадимаи дар деҳот маъмул коркард намуда, аз он ҳар гуна маводҳои ғизоӣ тайёр намуда, пешкаши аҳли хонадон ва мизоҷон менамоянд. Бо ин усул онҳо аз як тараф маводи шириро аз талаф ёфтан нигоҳ дошта, онро коркард намуда хўрокиҳои гуногун, аз қабили панир, шири хушк, талқони ширӣ, шарбатҳо, мурабо ва дигар намуди ғизоҳоро тайёр менамоянд. Онҳо дар ин таҷрибаи анъанавиашон бештар масъалаи вайрон нашудани маводи шириро дар деҳот ҳал менамоянд. Чунин усули коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ширӣ дар деҳот бисёр ҳам қулай буда, барои хонадони мардуми фоидаи калон ворид намуда, инчунин барои беҳтар гаштани саломатии мардум кўмаки калон мерасонад. Ин таҷрибаи нодири занҳои деҳот дар оянда барои аҳолии деҳот ниҳоят зарур буда, бо ин васила барои баланд шудани ғизонокии хўрока ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар оянда мусоидат менамояд.
Деҳаи «Пилдон». Парвариши картошка бо каду.
Дар деҳаи «Пилдон» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши картошка бо каду» кор ва фаъолият менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё