Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Картошкапарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ соҳаҳои асосии истеҳсолоти ин мавзеи кўҳӣ ба шумор мераванд. Мо ба деҳаи охирони ин дара деҳаи Каврак, ки дар он ҷо 30 оила умр ба сар мебаранд дар фасли тирамоҳ сафар намудем. Дар он ҷо мо бо деҳқонони ин деҳа Абдусамадов Додарҷон, Ятимов Давлатшо, Абдуллоев Сайдулло, Сулаймонов Муминҷон, Ятимов Иноятшо, Шоҳидов Идибек ва дигарон вохўрӣ гузаронидем. Онҳо аз таҷрибаи хеш оиди нигоҳ доштани навъҳои маҳаллии себ, зардолу, чормағз, тут, нок ва дигар мевагиҳо маълумот доданд. Дар ин деҳа навъҳои себ «Шоҳисеб», «Тирамоҳӣ», «Турушак», «Маликӣ», «Сафедак», навъҳои зардолу «Қандак», «Сафедак», «Сурхак», навъҳои чормағз «Қоқатак», «Ҳамелӣ», «Кўрак», навъҳои шафтолу «Сафедак», «Сурхак», навъҳои тут «Сурхтут», «Сафедтут», «Бедона», «Шоҳтут», навъҳои нок «Сафедмуруд», «Ношпотӣ» ва «Анҷирак» парвариш ва нигоҳ дошта мешаванд. Дар деҳаи Деҳи Хуҷаалӣ мо бо деҳқон Сафаралиева Динорвӣ, дар деҳаи Варзигун - Файёзов Акрамбой вохўрдем ва онҳо ба мо нақл намуданд, ки он навъҳои себ, зардолу, чормағз, тут, шафтолу ва дигар мевагиҳое ки дар водӣ нигоҳ дошта шудаанд, дар деҳаҳои онҳо низ вомехўранд.

Деҳаи «Поҷеи поён» Дар дараи Камароб деҳаи Поҷеи поён яке аз деҳаҳои қадима ва калон ба шумор меравад. Дар он ҷо бештар аз 100 оила умр ба сар мебаранд. Деҳа дар қисми поёнии дараи Камароб ҷойгир мебошад ва аҳолии ин деҳа асосан ба боғдорӣ ва чорводорӣ банд мебошанд.

пешина
аз 56
навбатӣ