ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Ин навъҳои бо мурури замон ба шароити ин ҷойҳо мутобиқ гашта, ба дигар ҷойҳо парешон гаштаанд. Дар ин деҳа мо чунин навъҳои тутро дидем «Шоҳтут», «Балхӣ», «Сафедтут», «Бедона» ва ғайраҳо, навъҳои зардолу «Қандак», «Сафедак», навъҳои чормағз «Ҳамелӣ», «Калонмева», инчунин навъҳои дарахтони кўҳии гелос,олуча, ангат ва ғайра. Дар ин деҳа ҳоло се осёби обӣ нағз кор мекунанд, ҳамчун захираи маҳаллии камсарфи истеҳсолотӣ, фоидаовар барои экология ва муҳити зист, ки ин дар ҳолати тағирёбии глобалии иқлим хело муҳим аст. Умуман сокинони ин деҳа навъҳои маҳаллии мевагиҳоро дар боғпарварӣ нигоҳ дошта, ба чорвопарварӣ, ба занбурпарварӣ ва дигар намудҳои кишоварзиро пеш бурда, бе истифода барии нуриҳои маъданӣ ва заҳрҳои химиявӣ истеҳсолотро пеш мебаранд.
Дараи Камароб Дар водии Рашт ин дара яке аз мавзеҳои хушманзара ва сероб ба ҳисоб меравад. Аз маркази дара дарёи «Сорбоғ» мегузарад. Ин мавзе бо доштани навъҳои қадимаи мевагиҳо, ғалладонагиҳо ва алафҳои кўҳии табобатиаш овозадор гаштааст. Дар вақти сафар мо як қисм маълумотҳоро оиди ин мавзе ба даст овардем. Мувофиқи маълумотҳои ба даст омада ҳудуди ин дара 12450 гектар мебошад. Чарогоҳҳо бештар аз 6610 га, заминҳои обӣ 670 га – ро ташкил менамоянд. Дар ин ҷо картошка дар майдони бештар аз 187 га кишт гашта, боғҳо 27 га-ро ташкил медиҳанд . Дар ин мавзе мардум бештар аз 4500 оилаи занбурро нигоҳ медоранд. Дар ин ҷамоати деҳот 21 деҳа мавҷуд буда, миқдори аҳолӣ 12400 одамро ташкил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё