Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мо инчунин дар и ҷамоати деҳот бо деҳқонони таҷрибанок Иброхимов Саиджони 82 сола, Сандалов Ҷалоли 75 сола, Асадуллоев Ибодуллои 51 сола, Раҷабов Идибеки 55 сола, Ҷумаев Аҳмадбеки 70 сола, Ҳомидов Бураки 75 сола, Аҳмедов Махмуди 80 сола, Маҳмадов Ҳасани 92 сола, Давлатов Қаландари 82 сола ва устоҳои деҳа оид ба тарошида тайёр намудани асбобҳои мардумии «Юғу сипор» ва қошуқу табақи чўбин Сандалов Джалоли 65 сола, Аҳмадов Маҳмуди 80 сола, табибони мардумӣ Исроилов Ҳанифи 75 сола, Давлатов Саидбеки 52 сола сўҳбатҳои муфид анҷом додем. Дар ин ҷамоати деҳот ҳоло 10 – то осёбҳои обӣ ва ҷувозҳои равғанкашӣ бо ёрии аспҳо ва буқаговҳо кор мекунанд. Деҳаи «Шинглич» Ба ин деҳа сафар намудем, ки вай дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ин деҳа ки дар охири мавзей Ясман ҷойгир аст дар он ҷо бештар аз 15 оила умр ба сар мебаранд. Мо бо сокинони ин деҳаи дур вохўрӣ гузаронидем. Вохўрии аввалин бо кўҳансоли деҳа Абдуллоев Асадуллои 75 сола буд ва он кас ба мо фаҳмонданд, ки дар ихтиёри сокинони деҳа аз навъҳои қадимаи себ «Рахш», «Маликӣ», «Паткинамош» (ҳамагӣ ду дарахт мондааст), ки онҳо меваҳои боллазату ширин дошта, ба касалиҳо тобовар мебошанд. Дар меваи навъи «Паткинамош» дар вақти пўхтан дар дилаи меваҳо хатҳои ранги сурх дида мешавад. Дар асоси нақли вай пеш роҳ ба тарафи водии Фарғона аз ҳамин ҷой мегузаштааст ва бинобар ин мумкин бисёре аз навъҳои себ аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ба ин ҷо оварда шуда бошанд.

пешина
аз 56
навбатӣ