ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Деҳаи «Ҳоит» Яке аз ҷойҳои қадимаи водии Рашт доир ба макони зироатчигӣ ва рушди донишҳои мардумӣ деҳаи Ҳоит ба шумор меравад. Дар ин деҳа бештар аз 305 оила зиндагӣ менамоянд. Мо дар ин ҷо бо коргарони ҷамоати деҳот
Иброҳимов Аҳлиддини 47 сола, ҷонишини вай Сангаков Нуралишои 52 сола, деҳқонон Абдулоев Ҷумабеки 51 сола, деҳқони кўҳансол Шамсиддинов Садриддини 87 сола сўҳбат намудем. Дар натиҷаи ин сўҳбатҳо мо муайян намудем, ки мардуми ин деҳа аз навъҳои қадимаи себ «Шафеӣ» (ранги мевааш сафед), «Шоҳисеб», «Самарқандӣ» ( мевааш дар вақти пўхтан каме мекафад), «Тирамоҳӣ», «Ордак», «Кулчасеб» («Боғулма»), «Турушак», «Сафедак», навъҳои зардолу «Сафедак», «Ханона», «Сурхак», «Ҷулдонахўрак» ( бо ду мағз дар донакҳояш), аз навъҳои чормағз «Қоқатак», «Ҳамелӣ», «Кўрак», «Лафкачормағз» (мевааш калон), аз навъҳои ток «Ҳусейнӣ», «Обак», «Сиёҳангур», «Тойфӣ», «Сафедангур», аз навъҳои шафтолу « Сафедак», «Сурхак», «Лучак», навъҳои тут «Сурхтут», «Сафедтут», «Сиёҳтут», «Балхӣ», «Бедона», «Шоҳтут», «Алатут», навъҳои нок «Сафедмуруд», «Сиёҳмуруд», «Ношпотӣ», «Нок», «Хафмуруд», «Анджирак», аз навъҳои гандум «Сурхак», «Сафедак», «Бурхуша», навъҳои каду «Шўрбокаду», «Тагиаловкаду», «Ширкаду», «Обкаду», «Носкаду», навъҳои ҷав «Сафедак», «Кабутак», навъҳои боқле «Сиёҳ», «Сафед», навъҳои лубиё «Сиёҳ», «Сафед», «Зард», «Алло»-ро парвариш намуда, нигоҳ доштаанд. Дар ин ҷо мо инчунин дар бораи яке аз навъҳои маҳаллии хўроки чорво, ки мардум онро «Ғомук» меноманд ва дони он барои чорво бисёр хўроки ғизонок ба шумор меравад маълумот гирифтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё