ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар ин деҳа мо бо деҳқонон Маҳмадшоев Ғайратшо, Шоев Раҳматшо, Бураков Айниддин ва инчунин аз деҳаи Шулмак Ғаффоров Тўйчӣ, Сайҷамолов Шодмон, Исмоилов Ғолиб, Розиқов Шоҳид, Кенҷаев Маҳмадризо, Сафаров Умед вохўрдем ва онҳо ба мо дар бораи навъҳои маҳаллие, ки ҳоло мардум онҳоро парвариш менамоянд маълумот доданд.
Аз таҷрибаи пайванди нок дар дарахти дула ва буттахори кўҳӣ
Ғайратшо Маҳмадшоев – сокини деҳаи «Поҷеи поён»-и ноҳияи Рашт мегўяд,ки «ман ин таҷрибаро худам санҷидам ва ба ман муяссар гашт, ки дарахти тухмакдори ноки маҳаллиро дар дарахти дулона бо истифодабарии намуди пайвандкунии исканапайванд гузаронам. Ин таҷрибаро ман барои он гузаронидам, то он ки бинам, ки чи тавр намудҳои гуногуни тухмакдорон пайванд карда мешаванд. Инчунин ман нокро ба дарахти ҷангалии хор пайванд намудам. Мақсади ман дар ин таҷрибаҳоям ин баланд бардоштани тобоварии дарахти нокро ба хушксолӣ мутобиқат сохтан мебошад. Чунки такпайвандоне, ки ман истифода бурдам, ба хушксолӣ хеле устуворанд. Дарахтони пайвандии ман ҳоло хуб нашъу намо доранд». Дар ин деҳаҳо навъҳои маҳаллии себ «Маликӣ», «Шафеӣ», «Шоҳинсеб», «Пахтасеб», «Тирамоҳӣ», «Сафаракӣ», «Кулчасеб», «Турушак»; навъҳои зардолу «Сафедак», «Моҳтобӣ», «Сурхак»; навъҳои чормағз «Қоқатак», «Ҳамелӣ», «Кўрак», «Дарозак» (мевааш дароз); навъҳои ток «Ҳусейнӣ», «Лаълӣ», «Сиёҳангур», «Тойфӣ», «Сафедангур»; навъҳои шафтолу «Сафедак», «Сурхак»; навъҳои тут «Сурхтут», «Сафедтут», «Сиёҳтут»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё