Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

барои дар оянда афзун гардонидани маводи ғизоӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот кўмаки калон мерасонад.

Деҳаи «Бедак». Пайванд гузаронӣ ва эҳёи навъҳои маҳаллӣ.

Дар деҳаи «Бедак» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Пайванд гузаронӣ ва эҳёи навъҳои маҳаллӣ» корҳои амалиро иҷро менамоянд.

Дар ин гурўҳ 10 нафар мардони ин деҳот аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Гирдаков Фатҳудин Тоштемурович, мебошад. Ин ГТД дар кори ташкил намудани ниҳолхонаҳо ва бунёди боғҳои навъҳои маҳаллии дарахтони себ, нок, чормағз, тут, ангур ва дигар мевагиҳо хело таҷрибаи бой доранд. Донишмандону хирадмандони бахши боғдорӣ дар деҳаи «Бедак» хело бисёранд ва онҳо аз парваришу бунёди боғҳои дарахтони мевадиҳанда ҳар сол даромади хуб ба даст меорад. Яке аз усулҳои қадимаи нигоҳ доштани навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда ин гузаронидани пайванд мебошад. Дар байни донишмандони халқӣ асосан чунин намудҳои пайвандгузарониро мардум медонанд: кўндапайванд, навдапайванд, мўғчапайванд, баргпайванд, исканапайванд ва ғайраҳо. Дар аввали фасли баҳор одатан усулҳои кўндапайванд истифода мегардад, аммо дар фасли тобистон бошад, усулҳои мўғчапайванд бештар истифода бурда мешавад. Бо роҳи истифода намудани усулҳои гуногуни пайвандгузаронӣ деҳқонони таҷрибанок навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаро ба ҳам пайванд намуда, метавонанд, ки дар танаи як дарахт чандин навъҳоро пайванд намоянд.

пешина
аз 56
навбатӣ