ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Деҳаи «Шаҳринав». Серғизо гардонидани хўроки чорво.
Дар деҳаи «Шаҳринав» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Серғизо гардонидани хўроки чорво» корҳои амалиро иҷро менамоянд. Дар ин гурўҳ 14 нафар мардони ин деҳот аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Салоҳов Унвониддин Маҳмадраҷабович мебошад. Ин ГТД дар кори серғизо гардонидани хўроки чорво хело таҷрибаи бой андўхтанд, ки ба васила ҳамасола даромади хуб ба даст меоранд. Таҷрибаи серғизо гардонидани хўроки чорво аз тарафи ин ГТД аз он иборат мебошад, ки дар таркиби хўрокаи чорво пеш аз ҳама алафҳои табии маҳалро, аз қабили юнучқа, қатраборон (эспарсет), себарга, инчунин алафҳои сершираи маҳал, сабус, пасмондаи хўрокиҳо, комбикормаҳо, майдаи донҳои ҷуворимакка ва дигар маводҳоро ба чорво мехўронанд. Инчунин аз донҳои растании ба оилаи лубиёгиҳо мансуб, ки онро дар маҳал ғомук меноманд, махсусан ба гўсфандону бузҳо онро мехўронанд, ки он вазнгирии чорворо кўмак мерасонад. Инчунин мардуми ин деҳа, ки дар минтақаи хушманзари кўҳӣ, ки аз алафу буттаҳои кўҳӣ бой аст ва оби фаровон дорад, чорворо дар фасли баҳору тобистон ба минтақаҳои кўҳӣ бурда, аз захираҳои табии деҳот пурра истифода бурда, вазнгирӣ ва маҳсулнокии шири чорворо хело самаранок истифода мебаранд. Соҳаи чорводорӣ дар кўҳистон яке аз манбаҳои зарурӣ ва сердаромад ба шумор рафта, таҷрибаи бои ГТД – «Шаҳринав»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё