Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Махсусан, маҳсулоти тайёр намуда, аз лўндаҳои топинамбур ва хўрокиҳои гуногун хело писанди мутахассисони шаҳраки Роғун, мардум ва меҳмонони олиқадр аз Европа гашт. Ҳамин тариқ дар натиҷаи ҳамкориҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳқонони ГТД – и «Қалъаи нав»-и шаҳри Роғун дар бобати парвариш намудани растании фоиданоки бахши кишоварзӣ- топинамбур натиҷаи хуб ба даст оварда шуд. Барои парвариш намудани топинамбур пеш аз ҳама замин бояд нағз шудгор гашта, нуриҳои органикию минералӣ ба миқдори зарурӣ ба хок андохта шаванд. Дар минтақаи деҳаи «Қалъаи нав»-и шаҳраки Роғун мо кишти топинамбурро дар аввали моҳи май гузаронидем. Ба растаниҳо ду маротиба ғизо дода шуд: ғизои якум ба миқдори 2 кг/0.01га дар давраи қадди растаниҳо ба 10- 20см баробар будан ва дафъаи дуюм, вақте, ки ниҳолҳо 30–40 см қад кашида буданд, ба миқдори боз 2 кг/0.01га дода шуд. Дар давоми нашъу намои растаниҳо 4 маротиба об монда шуд. Ҳосилнокии лўндаҳои топинамбур дар шароити ин деҳа ба 30 т/га ва массаи умумии растаниҳо (баргу поя, реша ва лўндаҳо) ба 70 тонна расид. Бояд ёдовар шуд, ки агарчанде, кишти топинамбур нисбатан дер гузаронида шуда бошад ҳам вале, ҳосили дилхоҳи топинамбур ба даст оварда шуд. Ҳамин тариқ дар натиҷаи парвариш намудани топинамбур дар шароити шаҳри Роғун деҳқонон нишон доданд, ки аз ин зироат ҳосили баланди биомасса ба даст овардан мумкин аст, ки он метавонад ба сифати ғизои одамон ва хўроки чорво хизмат намояд.

пешина
аз 56
навбатӣ