ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Бояд қайд намуд, ки картошкапиёз дар ратсиони одамон хело ҳам аҳамияти калон дошта, барои таъмини озўқаворӣ ва ҳифзи саломатӣ аҳамияти калон дошта, барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ ба оилаҳои мардуми деҳот кўмаки калон карда метавонад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди ин навъи маҳаллии пиёз ба замин андохтани 50-100 кг порўи пўсида ва 3-5 кг нуриҳои минералӣ дар майдони 0.01 га аҳамияти калон дорад. Дар давоми нашъу намои ин навъи метавон бо додани 5-6 маротиба обмонӣ ҳосили дилхоҳи онро ба даст овард. Инчунин ин навъи пиёз ба ҳар гуна касалиҳои занбурўғӣ ва бактериявӣ нисбати дигар навъҳои пиёз хело тобовар буда, дар оянда дар корҳои селексионӣ метавонад маводи аввалиндараҷа истифода гардад. Деҳаи «Қалъаи нав». Технологияи парвариши топинамбур.
Дар деҳаи «Қалъаи нав» Гурўҳи технологии деҳа (ГТД) дар мавзўи «Технологияи парвариши топинамбур» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин ГТД 2 нафар мардон ва 4 нафар занҳои деҳот доир ба парвариши топинамбур машғул мебошанд. Бояд қайд намуд,ки соли 2015 дар доираи ҳамкориҳои илмию амалӣ Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистон ва Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ ба деҳаи «Қалъаи нав»- и ноҳияи Роғун 100 кг тухмии топинамбур навъи «Интерес» оварда шуда, ба ГТД –и ин деҳа дода шуд, то ин ки ин зироати нодирро дар ин ҷо афзоиш диҳанд. Дар натиҷаи ин ГТД топинамбурро дар деҳа афзоиш дода, фермерҳои деҳот аз он ҳар гуна хўрокиҳо ва нўшокиҳо тайёр намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё