ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар вақти вохўриҳо бо аъзоёни ин ГТД ба мо маълум гашт, ки мардуми ин деҳа аз қадимулайём ба боғдорӣ шавқу рағбати калон доранд. Яке аз чунин ташкилкунандагони боғҳои дарахтони мевадиҳанда бобои Абдураҳим мебошад, ки вай дар майдони бештар аз 2 га дар нишебиҳои кўҳҳо боғҳои себ, нок, зардолу ва чормағзро ташкил ва бунёд намудааст. Вай мегўяд, ки боғдорӣ дар оянда дар шароити ноҳияи Файзобод имконияти васеъ дорад ва мардум метавонанд аз таҷрибаи андўхтаи он васеъ истифода намоянд.
Аз таҷрибаи ахтакунии анъанавии чорво
Ин таҷрибаи суннатии ахтакунии чорворо сокини 80 солаи деҳаи «Қашқараҳа»-и ноҳияи Файзобод Раҷаб Худоёров мебошад. «Ман ин таҷрибаи нодирро аз падарам омўхтаам, мегўяд ин донишмандии мардумӣ. Ин таҷриба ба он асос ёфтааст, ки бо роҳи дастӣ бо як чолокӣ дастӣ кандани раги нўфтароҳ мебошад. Дар натиҷаи чунин таҷриба, мо метавонем, ки бе сарфи зиёдатӣ ва бе истифодабарии моддаҳои кимиёвию асбобҳои бойтории ахтакунӣ ба осонӣ ахтакунии пеш аз ҳама гўсфандону бузҳо ва дигар намуди чорворо гузаронем. Ин таҷриба оддӣ буда, ба саломатии чорвои ахташаванда ягон таъсири бад нарасонида, ҳамаи саршумори чорво саломат монда, давраи фарбеҳшавии онҳо хело пурмаҳсул мегардад. Ман аз ин таҷрибаи доштаам ҳар сол даромади хуб ба даст меорам. Ман ин таҷрибаи хешро ба як писарам, ки вай 50 сола мебошад, омўзондам ва ў низ дар ин ҷода хело таҷрибанок гаштааст, ки ин ба ман илҳом мебахшад».
6.2. Ноҳияи Роғун
Чи тавре, ки ба мо маълум гашт, дар ноҳияи Роғун омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Ҷавонӣ», «Қалъаи нав», «Дебистон» ва «Оби гарм» дар бахши кишоварзӣ пеш мебаранд.
Деҳаи «Ҷавонӣ». Технологияи парвариши картошкапиёз
Дар деҳаи «Ҷавонӣ» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Технологияи парвариши картошкапиёз» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин гурўҳ 6 нафар деҳот шомил мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Ҳамдамова Майсара мебошад. Ин ГТД ба парвариши як зироати дар ихтиёрашон буда, яъне картошкапиёз, ки онро дар аксари деҳоти водии Рашт дарёфт намудан мумкин аст, сару кор доранд. Ин навъи маҳаллии пиёз ба шумор рафта, нисбат ба дигар навъҳои пиёз тезиаш кам ҳис карда мешавад ва таъми хуби хўрокӣ дорад. Ҳосилнокиаш ба 18-20 тонна аз як гектар мерасад ва инчунин қобилияти хуби нигоҳдориро баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосилро низ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё