Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Деҳаи «Хами савра». Технологияи пешқадами парвариши пиёз.

Дар деҳаи «Хами савра» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Технологияи пешқадами парвариши пиёз» кор ва фаъолият менамоянд. Дар ин гурўҳ нўҳ мард ва як зан шомил мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Раҷабов Юнус мебошад. Дар вақти сўҳбатҳо мо аз ин кори ГТД бохабар гаштем, ин ГТД онҳо барои парвариши ҳосили баланди пиёз машғул мебошанд. Онҳо низ пеш аз шудгор ба замин нуриҳои органикӣ (поруи пўсидаро) ва минералиро андохта, пас онро дастӣ ба воситаи каланд, бел ё ин ки бо ёрии чорвои корӣ шудгор менамоянд. Пас аз шудгор хокро хело майда намуда, онро ба палҳо ҷудо менамоянд. Пиёзро ё ин ки дар палҳо ё ин ки дар саҳро кишт менамоянд. Пас аз кишт агар борон набораду замин хушк монад, ба замин об мемонанд, то ин ки тухмии пиёз неш зада бароянд. Пиёзро дар моҳҳои марту апрел кишт менамоянд. Баъди баромадани ниҳолҳо ба киштзор аз ҳисоби 3кг ба майдони 0.01 га нуриҳои нитрогениро (селитраи аммиакӣ ё ин ки мочевина) меандозанд. Ба киштзор ду маротиба ғизо медиҳанд. Ғизои якумро дар вақти 2-3 барга будани ниҳолҳо ва ғизои дуюмро вақте, ки қадди барги ниҳолҳо 15-25 см будан, мегузаронанд. Ин ғизодиҳиҳо барои серҳосил гаштани растаниҳо кўмак мерасонад. Инчунин киштзори пиёз дар вақти сабзиш 2-3 маротиба аз алафҳои бегона тоза менамоянд. Ин навъи пиёз аз як га то 30-40 тонна ҳосил дода, барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ кўмак мерасонад. Ҳосили пиёзро хушк карда, онро ба бозор ё ин ки то баҳори соли оянда нигоҳ медоранд.

Деҳаи «Сурхдара». Парвариши боғ дар нишебӣ Дар деҳаи «Сурхдара» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши боғ дар нишебӣ» кор ва фаъолият менамоянд. Дар ин гурўҳ 10 нафар мард шомил мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Каримов Абдураҳим мебошад. Бояд қайд намуд, ки деҳаи «Сурхдара» дар минтақаи кўҳсори ноҳияи Файзобод ҷойгир гаштааст ва мавқеи географии он барои ташкил намудани боғҳои мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, чормағз, тут ва дигар дарахтони мевадиҳанда хело қулай мебошад.

пешина
аз 56
навбатӣ