Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Деҳаи «Дебистон». Истеҳсоли ширинии тут.

Дар деҳаи «Дебистон» -и шаҳри Роғун ГТД дар ҳайати як нафар мард ва 17 нафар занҳои деҳот ба пўхтан ва тайёр намудани ширинии тут машғул мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар деҳаи «Дебистон» - и шаҳри Роғун дар баландии 1800 м аз сатҳи баҳр навъҳои гуногуни дарахтони тут парвариш меёбанд. Аз меваи тут сокинони деҳот ширинӣ тайёр менамоянд. Ин маводи ғизоӣ ва табобатӣ дар натиҷаи хеле дуру дароз ҷўшонидани меваи тут тайёр карда мешавад. Ширинӣ барои табобати касалиҳои одамон аз шамолкашӣ, захми меъда, узвҳои ҳозима ва ғайраҳо истифода мегардад.

6.3. Ноҳияи Нуробод

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Нуробод омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Дараи валӣ», «Хоҷаи мурод» ва «Душохазамин» дар бахши кишоварзӣ омўхта баромадем. Деҳаи «Дараи валӣ». Парвариш ва нигоҳдории боғи мевадиҳанда.

Дар деҳаи «Дараи валӣ» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариш ва нигоҳдории боғи мевадиҳанда» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин гурўҳ 6 нафар мард ва 3 нафар занҳои ин деҳа кор ва фаъолият менамоянд. Роҳбари ин гурўҳ Ғоибов Ризоъидин мебошад. Ин ГТД ба парвариши ва нигоҳдории боғи мевадиҳанда сару кор доранд. Аъзоёни ин ГТД дар қитъаҳои замини дар ихтиёрашон буда, асосан ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, тут, чормағз, шафтолу ва дигар дарахтони мевадиҳанда машғул мебошанд. Асосан онҳо дар нигоҳдории навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда таҷрибаи кофӣ дошта, бо роҳи таъсис додани ниҳолхонаҳо навъҳои қадимаи бобогиро нигоҳ медоранд. Онҳо ниҳолхонаҳоро аз усули истифодабарии тухмҳо ва инчунин аз усули пайванд намудан истифода менамоянд. Яъне аз усулҳои анъанавии боғдорӣ онҳо бархурдор буда, бо ин васила ҳолати боғҳоро нағз нигоҳ дошта метавонанд. Таҷрибаи хуби нигоҳ доштани боғот дар кори доимии онҳо аз он оғоз мегардад, ки буридану шакл додани дарахтонро сари вақт гузаронида, ҳолати ҷавони ниҳолҳоро доимо зери назораташон нигоҳ медоранд. Вобаста аз умри ниҳолу дарахтон ба ҳар як дарахт 200-300 г нуриҳои минералӣ (аз намудҳои нуриҳои селитраи аммиакӣ, мочевина, нитроаммофос, аммофос, калий хлор) ва органикӣ (поруи пўсида) ба ҳар як дарахт 5-8 кг дода мешавад. Ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳо аз заҳрҳои зарурӣ сари вақт истифода бурда, обмонӣ, нарм намудани назди дарахтон ва яхобмониро дар фасли зимистон ба роҳ мемонанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки шохҳои хушкшудаи дарахтон сари вақт бурида мешаванд, ки ин аз паҳн гаштани касалиҳо ва зараррасонҳо кўмаки калон мерасонад.

пешина
аз 56
навбатӣ