Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гурўҳе-ш хонданд соҳибсарир,
Вилоятситон, балки офоқгир.
Гурўҳе зи девони дастури ў
Ба ҳикмат навиштанд маншури ў.
Гурўҳе зи покиву динпарварӣ
Пазиро шудандаш ба пайғамбарӣ.

Вале ў агарчи ба ҳукми анъана ҳам аз подшоҳӣ, ҳам аз ҳакимӣ ва ҳам аз пайғамбарии Искандар сухан кардааст, диққат ва таваҷҷўҳи асосиро ба зўри хирад, ақл, дониш ва маонии қаҳрамонаш равона кардааст. Ойина сохтани Искандар, афсўс хўрданаш аз куштани Доро, ҷонибдори дини дуруст буданаш, китобҳои форсӣ, ҳикмати мардумони дунёро гирд овардан, тарҷума кардан ва бурдани онҳо ба Юнон, майл ба шунидани афсонаву ҳикоят доштанаш, дар суроғи оби ҳайвон ба олами зулмот рафтани ў, ҷустуҷўйи шаҳри ободе, ки ҳаргиз намирад дар он ҳеҷ кас, сабақ гирифтанаш аз донишмандон, шунидани хирадномаҳои онҳо, мўҳтоҷи дониши онҳо буданаш ва ниҳоят расидани вай ба пайғамбарӣ тасдиқ бар он мебошад.
Аммо Низомии Ганҷавӣ, ки ҳадафи аслиаш аз офаридани чеҳраи рўҳонии Искандар таъкиди ғояи бақои давлат дар дониш ва маърифат буд, ё фаромўш кардааст ва ё нахостааст, ки аз нигоҳи чаҳорум ҳам, ки гузаштагони мо ба ин шоҳи истилогар намуда буданд, ёд оварад. Онҳо ба ў лақаби «Гуҷастак» (лаънатӣ)-ро низ дода буданд барои он ки китоби муқаддаси «Авесто»-ро сўзонида, хокистарашро ба об партофта буд ва қароргоҳи шоҳони сосонӣ
– айвони Мадоинро ба харобазор табдил дода буд. Барои ворисони ориён Искандар набояд чеҳраи дигаре дошта бшад. Агар Сорбон маҳз аз ҳамин нигоҳ ба аъмоли ин шоҳи вайронкору ҷоҳил ва мутаассиб менигарист, асари ў аҳамияти бештареро соҳиб мегардид.


Бо фосилаи муайяни замонӣ тасвир намудани воқеоти рўз дар қиссаҳои хурди нависанда «Корвон», «Марди танҳо», «Якгўша», романи нави ў «Росу» низ ба назар мерасад. Бешак, барои ҳазм, таҳлил ва таҳқиқи воқеа ва ҳодисаҳои замони муосир фосила зарур аст, махсусан барои навиштани навъҳои калони насрӣ, монанди повест ва роман. Аммо фосилагириҳои аксарияти нависандагони тоҷик одатан ба даҳсолаҳо тўл кашидааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи онҳо аз рост гуфтан ва рост навиштан меҳаросанд, агарчи дилашон мехоҳад, ки ҳақиқатро дар гармогармиаш нависанд. Бо тамсилу рамз ва пардапўшона сухан гуфтани онҳо низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Аз адибони тоҷик аз ин ҷиҳат устод Лоиқ истисно буд. Вай тамоми гуфтаниҳояшро дар гармогармии ҳодисоти рўз гуфту рафт. Албатта, дар ин маврид аз табиати хоссаи шеър набояд фаромўш кард.

пешина
аз 470
навбатӣ