Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кўшиши дар мавзўи рўз асар офаридан ва дар он инъикос додани чеҳраҳои муосирони хеш аз аввал дар эҷодиёти Сорбон вуҷуд дошт. Қиссаи хурди «Гап дар дил», ки дар нахустин маҷмўаи адиби ҷавон бо ҳамин ном ҷой дошт, «Пиндор», «Кабўтари сафед», «Хонаи нав», романи аваллинаш «Актёр», ҳикояҳои «Одаму Ҳавво», «Панҷ сол», «Раис», «Чашмони фурўзони шаб», «Нақши марди ланг», «Нақши рўйи барф», қиссаи «Чархи эҳтиётӣ» ва ғ.
ба истилоҳ, асарҳои замонавии адиб мебошанд.
Диққати ўро аз мавзўъҳои муосир баёни қиссаҳои ишқу ошиқии ҷавонон, саргузашти одамони заҳматкаш, аҳли ҳунар ва тоифаҳои дигари ҷомеаи тоҷик ба худ ҷалб намудааст. Ва ў дар офаридани чеҳраи муосирони хеш муваффақ шудааст, монанди Мағфирати комбайнрон, раиси колхози «Чорбоғ» Мустафо Ҳасанов, муншии ҳизбӣ Муҳаммадзариф, коргари савдо Истад, ҳунармандон Ромиш, Мулкия, Шакаршо, ҷавонони саодатманд Сомон ва Сайёд ва ғ.
Дар байни асарҳои замонавии Сорбон қиссаи «Чархи эҳтиётӣ»
аз ҳар ҷиҳат мақоми хосса дорад. Нависанда таҳқиқи сабабҳои фасод шудани ахлоқи ҷомеаро дар замони шўравӣ мавзўи асосии асари хеш қарор додааст ва бо ҳамин ишора ба яке аз сабабҳои асосии фурўпошии сохти шўравӣ кардааст. Дар маркази қисса саргузашти як коргари соҳаи савдо Истад, роҳҳои ба зудии зуд аз зинаҳои поёнӣ ба мартабаи болоӣ – раиси савдои ноҳия расиданаш қарор гирифтааст. Ин зани ҷавон аз рўзҳои аввали ба кор омаданаш аз пайи ба даст овардани дили раиси идорааш мешавад, худро орову торо дода ҳар рўз бо ҷилваву ишва бо ҳар баҳонае ба назди раисаш медарояд ва оқибат раисашро ба доми худ меафтонад, ки дар занакабозӣ ном бароварда, чанд зердастонашро ба роҳи ҳаром бурда буд ва барои рўпуш кардани бадахлоқиҳояш санад ҳам сохта буд. Дар натиҷа, тавре ки нависанда гуфтааст: «Чанд муддат гузашт, узви партия гашт, бо кўмаки раис маълумоти олӣ ҳам гирифт, ҷонишин ҳам шуд» ва вақте ки раисашро ба мансаби баландтаре таъйин карданд, раис ўро ба ҷойи худ пешбарӣ намуд.
Истад агар пештар ба ҷонишини котиби аввали ҳизби ноҳия равуо дошт, ҳоло бо худи котиб алоқа барқарор кард. Ҳар қадр ки дар мансаб боло мерафт ва бо калонони ноҳия робитаҳояш наздиктар мешуд, ба ҳамон андоза ҳирси пул ғундоштанаш бештар мегардид.
Вай ба чизе имон надошт, на ба билети партиявӣ ва на ба тўмори эшони Нур, ба ҷуз пул. Вай имон дошт, ки дар зиндагӣ пул ҳама мушкилро ҳал мекунад, ба воситаи он дили ҳамаро – котиби ҳизбӣ, додситону додгустар, муаллиму духтур, милисаро ба даст метавон овард. Шакаршои рассом, ки дар як мавриде бо Истад шинос шуда буд ва «зиндагии ин тоифаро донистан мехост», пас чанде аз шиносоияш бо Истад ва атрофиёнаш чунин андеша меронад: «Наход пул касро ин қадар бетамиз, худбину худбовар ва лоқайд гардонад?...

пешина
аз 470
навбатӣ