Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Модоме ки ин нерў тарбиятгарро аз роҳ баровард, органро харид, сардорро муттаҳам кард, раҳнаморо ба роҳи дигар андохт, чаро қувваи бузург набошад... Зеро ҳама гуна ҷиноятро, ҳама гуна қабоҳатро, разолатро бо ин рақамҳо рўпўш кардан имон дорад».
Истад ва ҳаммаслаконаш ҳар қадр ки серпултар мешуданд, ба ҳамон андоза бадахлоқтар, фосиқтар, ноодамтар, бераҳмтар мешуданд. Истад бо бадахлоқиҳояш аз шавҳараш Калонхон, духтарчааш Сунбул ва хешовандонаш батадриҷ дурӣ меҷўяд. Шавҳар маҷбур мешавад, ки шаробӣ шавад, бемор шавад ва бимирад.
Вай парвои чизе ва касе надошт, ба ҷуз он ки чӣ тавр маъшуқи наваш – Шакаршоро пеши худ нигаҳ дорад ва кайфу сафо намояд. Нависанда дар шахси Истад ва Шакаршо тазоди маънавиёт ва моддиётро таъкид намудаст ва беоқибатии моддиётгароиро гўшзад кардааст. Барои ҳамин ҳам дар ниҳоят Истади пулпараст на танҳо аз шавҳараш, балки аз Шакаршо ва аз ҳама муҳимаш аз хазинаи пулаш, ки дар дохили чархи эҳтиётии мошини газ 24 буд ва ў ҳамеша дар ғами ҳифзи он буд, маҳрум мегардад.
Қиссаи «Чархи эҳтиётӣ» бо худро овехтани Калонхон, аз даст рафтани хазинаи пул ва беҳуш шудани Истад, ки «маълум набуд, ки зиндааст ё мурда... чашмонаш чизеро ифода намекарданд»
ба охир расидааст. Афсўс ки Сорбон ҳалли нави низоъро пайдо накардааст. Ҳалли ў ҳалли низоъ дар «Марги судхўр»ҳи устод Садриддин Айниро ба хотир меорад.
Сарфи назар аз ин чунин эҳсос мешавад, ки Сорбон ба инъикоси бевоситаи мавзўъҳои рўз ва тасвири чеҳраҳои муосирон камтар таваҷҷўҳ дорад. Шояд иллаташ боз ҳамон бошад, ки агарчи он ҳодисаҳо дар замони ў мегузаранд ва он шахсиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ ҳамдаврононаш мебошанд, ҳанўз онҳоро аз ҳаллоҷии ҳунариаш нагузаронидааст.
Барои мисол, тамоми чизе, ки ў дар романи нахустинаш «Актёр» мегўяду менависад, воқеият дорад. Аксарияти шахсиятҳои адабие ҳам, ки дар ин роман амал мекунанд, шабеҳаҳои воқеӣ доранд, аз Ромиз қаҳрамони асосии асар, ки шабеҳааш ҳунарманди дар зоти худ якто шодравон Маҳмуди Воҳид буд, то шахсиятҳои дигари он. Сорбон на танҳо Ромиз – Маҳмуди Воҳидро, балки қаҳрамонҳои дигарашро низ аз наздик мешинохт, бо онҳо дўстӣ дошт, бо ҳам нону намакхўрда буданд. Бо вуҷуди он тасвири онҳо ва саргузашташон он тароватеро, ки асарҳои дигари нависанда доранд, надорад.
Ба вуҷуд омадани романи тамсилии «Росу» шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷустуҷўйҳои Сорбон дар таҳқиқи замони муосир идома дорад. Ин дафъа ў барои тасвири масъалаҳои доғи рўз на аз таърих, балки аз тамсил истифода кардааст. Гумони яқин он аст, ки ангезаи ба тамсил рў овардани нависанда он шудааст, ки соле чанд пеш аз ин тамоми кўчаву паскўча, роҳҳову ҷўйборҳои шаҳри Душанбе пур аз калламушон буд.




