Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он вақтҳо рўзномаҳо дар бораи он менавиштанд, ки калламушон дар биноҳои бисёрошёна низ пайдо шудаанд ва гўё дар баъзе аз ҷойҳо ба тифлони гаҳвора таҳдид намудаанд. Ҳама аз пайи ҷустуҷўйи роҳҳои наҷот аз ҳамлаи калламушон буданд. Он «мулки ҷангзадаро», ки дар он «навое намонда буд, то мушон ғорат кунанд... Мардум кўч бастанд аз ин маҳал ё ба мамолики дигар ғарибкорӣ рафтанд» ва он шаҳреро, ки тахту маснади Росу – мири мушон дар «пояи ҳайкале буд, ки дар ҷанги гузашта балвогарон дар гарданаш таноб андохта, кашида, ба хок афканданд», шаҳре, ки дар он замоне «касе пайдо нашуд, ки мурдаҳои гузаргоҳҳои зерзаминӣ, роҳравҳо ва роҳҳои мошингарди хиёбонро гирад», шаҳре, ки дар ҳама ҷо посҳо гузошта буданду аз ниқобпўшон пур буд ва ғ. ва ҳ.к., нависанда Сангистон номидааст.
Сорбон бо тамсили ҳамлаи мушон ба мулки ҷангзада ва баёни ғоратгарӣ, қатлу куштор, ҷабру зулми бераҳмонаи онҳо дар ин мулк тамоми он худсариҳо ва қонуншиканиҳо, ғоратгарӣ ва қатлу кушторе, ки замоне дар ҷумҳурӣ аз тарафи силоҳбадастон ва дастаҳои ғоратгар суратгирифта буд, шадидан маҳкум намудааст. Ҳодисаи манфур ва ғайриинсонӣ будани ҷанги бародаркуши солҳои навадумро дар Тоҷикистон таъкид намудааст.
Воқеа дар романи «Росу» бо баёни қатли ом фармудани шаҳрдор мушонро ва гурехтани мири мушон ба канори Сайҳун ва ҳангоми гузаштанаш аз нақби Ганҷ Росуро балъидани мор ба охир расидааст, ки рамзист. Ва маънии онро дорад, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҳама ҳолат ба ҳамлаи бегонагон зарбаи ҳалокатовар хоҳад дод, чунонки ба «лашкари қатаған» - Росу дод.
Нависанда дар асари наваш, ки бидуни шубҳа аз бозёфтҳои адабӣ дар адабиёти муосири тоҷикӣ мебошад, як силсила чеҳраҳои тамсилӣ ва воқеии тозае офаридааст, монанди Росу, Ҷосу, Раммор, Сепо, Мушгир, Гулоб, Саврӣ, Фолбин ва дигарон. Дар романи тамсилии «Росу» ҳайвонҳо мисли одамон ва одамон мисли ҳайвонҳо сухан мекунанд ва амал менамоянд.


Сорбон аз ҳикоянависӣ сар карда, баъд ба повестнависӣ гузаштааст ва сипас романнависиро пеш гирифтааст. Аввал дар ҳикоянависӣ даст рост карда, баъд навиштани қисса – повестро аз худ намудааст ва танҳо пас аз ин романнависиро пеш гирфитааст. Се ҳикояи аввалаш соли 1965 дар маҷаллаи «Тоҷикистон»
чоп шуда буд. Ҳикояи «Хоб» дар «Садои Шарқ» нашр гардид.
Нахустин китоби нависанда низ маҷмўаи ҳикояҳояш «Гап дар дил»
(1969) буд. Баъдан ҳикояҳои ў дар китоби «Занги аввал» (1970),

пешина
аз 470
навбатӣ