Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

маҷмўаҳои «Кабўтари сафед» (1981), «Аз барфрезӣ то барфхезӣ»
(1986) ва «Мағзреза» (2008), ҳикояи «Хўшаи қисмат» дар китоби дуввуми «Зарафшон» (1996) ба табъ расидаанд. Нависанда 5 сол машқи ҳикоя карда, повести нахустинаш «Занги аввал»-ро соли 1970 навишта буд. Баъд яке аз паси дигаре повестҳои ў ба вуҷуд омаданд: «Санги сипар» (1972), «Ҷўгӣ» (1973), «Буд, набуд» (1975), «Шинел» (1978), «Сабо» (1980), «Қумрӣ» (1986), «Дашти морон»
(1987), «Чархи эҳтиётӣ» (1987), қиссаҳои хурди «Пиндор» (1995), «Марди танҳо» (2003). Романи нахустини адиб «Актёр» мебошад, ки соли 1981 таълиф шудааст. Баъд романҳои дигари ў «Зарафшон» (китоби якум дар соли 1988, китоби дуюм 1997), «Достони писари Худо» (китоби якум ва дуюм 2000, 2006), «Кадевар» (2006), «Туғрал» (2007) ва «Росу» (2009) ба табъ расиданд.
Ҳамин тавр Сорбон 5 сол машқи ҳикоя, 11 сол машқи повест ва 10 сол машқи роман кардааст. Нависанда дар ҳар яке аз ин марҳилаҳо агарчи таваҷҷўҳи бештар ба як навъи адабӣ намудааст, аммо ҳеҷ яке аз онҳоро ба таври доимӣ қатъ накарда, ҳамзамон таълифро дар навъҳои адабии гуногун идома додааст. Ҳоло ў дар навиштани ҳикоя ва повест мушкил надорад. Дар онҳо маҳорти комил ҳосил намуда, дар марҳилаи такомули жанри роман қарор дорад.
Ҳар яке аз ин марҳилаҳо вижагиҳои услубии худро дорад. Агар дар марҳилаи аввал, тавре ки худи адиб эътироф дорад, бештар ба зикри ҷузъиёти назаррас, гапҳои кадучадору маънои таҳтонидор диққат дода бошад, дар марҳилаи дувум таваҷҷўҳи ў бештар ба чеҳраҳову шахсиятҳои воқеӣ ва нотакрор ва дар марҳилаи саввум ба ҷанбаи таҳлилӣ, андешаронӣ ва фалсафаи зиндагӣ будааст.
Сорбон нисбат ба зиндагӣ ва рисолати адабиёт назари хосси худро дорад. Вай рисолати аслии адабиёти бадеиро дар бозтоби воқеаҳо, ҳодисаҳо, чеҳраҳо – характерҳои нотакрор ва барҷаста дидааст ва дар асарҳояш маҳз дар бораи зиндагӣ ва саргузашти ҳамин гуна одамон сухан ронда, воқеа ва ҳодисаҳоеро ба қалам оврдааст, ки фавқулода мебошанд.
Вай фавқулоданавис мебошад, ба воқеа ва ҳодисаҳои муқаррарӣ ва рўзмарра камтар диққат медиҳад, одинавис намебошад.
Эстетикаи ў ҳамин тавр аст. Ин чиз қариб дар ҳамаи асарҳои хурду бузурги Сорбон вуҷуд дорад, аммо дар қиссаи «Дашти морон» ба тамомӣ зуҳур намудааст. Қаҳрамонҳои ин асар ҳама фавқулода мебошанд: Сангиной ҷавонзане мебошад, ки ба хотири он ки шавҳари гурезааш – Зукурро пинҳон нигаҳ дорад, худро ба девонагӣ задаст ва ба баҳонаи ҳезумчинӣ дар Дашти морон, ки пур аз мору каждум аст, ба гумони аҳли деҳа, якҷо бо деву париҳояш мегардад. Зукури тарсу аз хизмати аскарӣ дар солҳои




