Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷанг ҳангоми ба қатора савор кардани наваскарон «зими сиёҳ»
мезанад ва аз хидмати аскарӣ зиндагӣ дар ғорро афзал медонад.
Дар ғори Амбал бо гурезаи дигаре, ки дар асар бештар бо номи Ваҳшӣ ёд мешавад, рўбарў мезанад. Ваҳшӣ ҳамоне буд, ки дар ҳамин ғор гурезаи дигар Абдушукур – бобои Зукурро ба сабабе кушта буд. Аз ин ҷиҳат аз пайдо шудани ҷавоне, ки худро дар аввал бо номи Абдушукур муаррифӣ кардан мехост, метарсад ва бо шубҳа менигарад. Ва дар ниҳоят Зукурро низ мекушад, бо фиреб зани ў Сангинойро ба ғор меорад ва дар ҳолати беҳушӣ ба вай мерасад. Сангиной аз Ваҳшӣ ҳомиладор мешавад. Нависанда қиссаро низ ба таври фавқулода ба охир расонидааст. Дар Дашти морон Ваҳширо мор мегазад ва ў варам мекунад ва мемурад.
Сангиной бача меафканад. Ва бо ҳамин муаллиф таъкид карданист, ки гуреза ва ҳар касе, ки бо вай пайванд мегирад, маҳкум ба марг мебошад.
Мавзўи гуреза дар адабиёти ҷаҳонӣ нав нест. Махсусан ба ин мавзўъ дар солҳои 60-70-уми асри гузашта нависандагони шўравӣ таваҷҷўҳи бештаре зоҳир намуда буданд, монанди Ч.Айтматов, В. Распутин ва дигарон. Гурезаҳои Сорбон аз гурезаҳои адибони дигар бо он фарқ мекунад, ки онҳо инқилоби болшевикӣ ва ҷанги бузурги ватаниро барои худ ва ватанашон бегона мешумориданд ва аз ин сабаб гурезагии худро як навъ эътироз медонистанд. Афсўс, ки ин мавзўъ дар асари нависанда инкишоф наёфтааст ва муаллиф ба ҳалли кўҳнаи ин мавзўъ қаноат намудааст. Яъне ки гурезагӣ рамзи хиёнат ба ватанро дошт ва гуреза шахси хоин ва мардуд ба шумор мерафт, ки аз ў ҳатто падару модар ва хешовандон ҳазар мекарданд. Барои ҳамин ҳам Зукур маҳз аз тарси ғазаби модар ва наздикони дигараш пинҳонӣ ба деҳаашон барои дидани Сангиной меомад ва худро ошкор намесохт. Агар ин ҷиҳати мавзўъ таҳқиқ мегардид, қимати ин асар бештар мешуд.
Сорбон фоҷианавис мебошад. Ў қаҳрамононҳояшро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, дар ҳолатҳои фоҷиавӣ месанҷад. Ин ҷиҳати осори ўро бори нахуст устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаи «Тавоноии инсон ё яъсу ноумедӣ?» (1970) кашф карда буданд. Он кас он вақт навишта буданд, ки «Сорбон кўшиш дорад, ки инсонро дар мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагии ў тасвир намояд. Вай ба симои шахс дар дами сахтиҳо назар кардан мехоҳад». Қаҳрамонҳои Сорбон соҳиби ахлоқи ҳамида – меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, хоксорӣ, фурўтанӣ, ватандўстӣ буда, ҳамеша манфиатҳои умум, халқу ватанро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузоранд. Онҳо қаҳрамонҳои А. Чехов, И. Тургенев, Ф.Достоевский, Ч.Айтматов, Н.Думбадзе, М.Шолохов, Л.Толстой, Р.Ҳамзатов, Авижюс, Ф. Муҳаммадиев ва Лоиқро ба хотир меоранд.
Сорбон фарзанди давру замони худ аст. Дар навиштаҳои ў таъсири сиёсати замони шўравӣ, тафаккури шўравӣ: партиявият, реализми сотсиалистӣ, қолабҳои он замон ба назар мерасад.

пешина
аз 470
навбатӣ