Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агарчи Сорбон гуфтааст, ки «он чи мехостам, ҳамон менавиштам» ва «партиявияти адабиёту реализми сусиалистӣ»-ро «риоя намекардам», вале дар асл дар асарҳояш сурхгўйиҳое аз қабили «барои ватан», «колхоз», мубориза бо фашизм ва босмачиён ҷо доранд.


Ҳеҷ як падидаи ба назар намоён дар насри муосири тоҷик дар
50 соли охир бе иштироки Сорбон рух надодааст. Гоҳо дар ин кор ў пайрави дигарон будааст, аз ҷумла пайрави Пўлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев ва гоҳи дигар дигаронро аз паси худ бурдааст. Масалан дар тасвири деҳоти тоҷик, замони ҷанг, дар офаридани типҳо ва характерҳои халқӣ, истифодаи забони зиндаи халқӣ ва ғ.
Сорбон нависандаи баркамол аст. Вай нисбат ба худ ва дигарон сахтгир ва серталаб мебошад. Бинобар ин вақте ки Фотеҳ Абдулло аз ў пурсон шудааст, ки «Оё дар насри тоҷикии поёни асри бистум осоре ҳастанд, ки гирем бо осори Михаил Шолохов, Чингиз Айтматов ва Маҳмуди Давлатободӣ ҳамоварӣ кунанд?», ба як калима «На!» гуфтааст. Агар аз хоксорӣ ва фурўтании нависанда бигзарем, баъзе аз навиштаҳои худи Сорбон («Ҷўгӣ», «Кабутари сафед», «Пирамард», «Хоб», «Кушиш», «Оташбасар», «Гови Мир»
ва ғ.) ҳамин гуна арзиш ва ҳақро доранд.
Лоиқ мақоми Сорбон – «нависандаи саркаш ва пурғурур»-ро чунин муайян кардааст: «Ман агар дар шеър як мартабае ёфта бошам, устод Сорбон дар наср... ҷояш мусаллам аст...Сорбон нависандаи воқеан боасолат аст. Ҳар чи медонад, ҳар чи мушоҳида кардааст, ҳар чи ба назари вай мерасад, барои насри бузург истифода мебарад».


Сорбон аз танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ норизост ва ҳақ ҳам дорад, зеро дар бораи асарҳои ў муҳаққиқон на танҳо кам менависанд, балки бад ва рўякӣ ҳам менависанд. Ба қавли ў, аҳли танқид «нозукиҳои» асарҳои ўро фаҳм накардаанд. Бинобар ин эълом доштааст, ки «Ман кони кашфношуда ҳастам».
Муаллифи ин сатрҳо даъвои кашфи асрори асарҳои нависанда Сорбонро надорад. Ман фақат чанд мулоҳизаамро ба сифати як мухлис ва хонандаи доимии ў ва яке аз «дўстони ҷамолакиаш»
гуфтанӣ шудам. Агар заррае ба он муваффақ гардида бошам, хурсандам.
абдунабӣ Сатторзода, профессор

Декабри 2009

пешина
аз 470
навбатӣ