Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

АЗ МУАЛЛИФ
Биное, ки падар дар зодсолам пай афканда буд, дарз овард:
хоки таҳкурсии сангӣ мурда, сиёҳи равғанхўрда гашта буд ва чун рег ночаспон. Сангҳо худ аз худ рехта, тагсинҷро шинонданд ва бинои чўбкорӣ каҷ шуд. Нав бояд кард. Лек пайи панҷаи падар чӣ шавад? Хеле андешидам ва ба хонаи қабзафурўмони бо ҳазор орзуву ҳавас сохтаи падар даромада, назар афкандам, ки нуқсе нагирифта; якзайл барҷо буд. Кандакорӣ, нақшу нигор, қабзаи дар болор фурўмонда, тахтаҳои нақшкандаи ҳошия ва чаҳор дарахти садаи бо ранги сабзу зарду сиёҳ дар чор самт кашида… аҷиб буд.
Дасту дил наравад ба хароб карданаш. Чӣ бояд кард, то асари панҷаи падар гум нашавад? Ҳикмати халқ ёд омад: «То хонаи нав насозӣ, кўҳнаро вайрон макун!»
«Усто, ҳамин нусхаро ба хонаи нав кўчонидан имкон дорад?!
«Дорад».
Ва кўчонидем. Вале кандани ҷуфтсинҷу пайвандҳо усторо дар ҳайрат гузошт. Чӣ ҳунармандона ва ҷовидона сохта будаанд.
Аммо таҳкурсӣ бақо накард. Сарсинҷҳо ҷуфт буданд ва қуфлу мадангкарда: нўги синҷҳо суфтаву комаи сўрох доштанд (чун гўянд дар ҳунари меъморӣ, надонам) ва аз миёни ҳам гузаронда; мехе надоранд. Устоҳои мо комаи сўрох бурида, синҷҳо аз ҳам ҷудо карда гирифтанд. Шустанду пиростанд ва дар яке аз хонаҳо часпонданд. Сапеду тоза шуд, вале он пайванде, ки дошт, набуд.
Бо гулмех рост шуд ва «Осорхона» ном гирифт.
Монанд ба ҳамин, пиндорам, ки осори то замони дигар кардани хонаи падар навиштаам кўҳна гашта ва рандаву лос хоҳад.
Гуфтаи Балзаки бузург ёдам омад: Ў бистарӣ буд ва аз Худованд пурсид, ки панҷ рўз тани сиҳҳат диҳад, то ҳама навиштаҳо аз назар гузаронад… Розӣ аз Худои бахшояндаи меҳрубон ҳастам. ки тани маро солим дорад ва навиштаҳо аз нав бинам. Соли дуввум ҳаст, ки машғули ин корам ва баргузидаи осор омода ба нашр кардам; заҳмат зиёд буд, вале фараҳбахш. Кўдакиву баччагӣ зиёд буда.
Баъди таҳриру такмил хештанро хубтар дарёфтам, ки дар эҷод ҳамон ки ҳастам, будаам: ҳадаф, назар, сабк, услуб ва забони эҷод якест (аз ҳикояи «Хоб» то романи «Росу»), таҷриба ва ҳунар сахт дигар шудааст. Инчунин бодо! Армуғони ҳафтодсолагии банда Халқу Ватану Миллатро ин аст.
24.10.09.




